21.06.2012 09:25

БАЧА НАТАВОНАД... АЙБИ МАН ЧӢ?

(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
Аммо Ҷамшед бетоқат буд ва баъди чашидани лаззати оғӯши зан ӯ дигар наметавонист ором нишинад. Нӯшидани андаке шароб ӯро тамоман ноором сохта буд ва ӯ ба ман часпидан мегирифт. Дар пеши дигарон наметавонист худдорӣ кунад ва ҳар замон ишора мекард, ки боз ба он хона гузарем. Аммо ман медонистам, ки ин навбат дигарон ин кори моро метавонанд пайхас намоянд. Аммо Ҷамшед парвои гапу калочаро надошт ва беихтиёрона дасташро ба ҳар ҷои бадани ман бурдан мегирифту талаби бархестанро менамуд. Мо рақсу бозӣ мекардем. Ҳангоми рақс Ҷамшед маро сахт ба оғӯш гирифта аз лабонам мебӯсид. Инро дида ҳамаи духтарон дар ҳайрат буданд, ки мани шавҳардор чаро ба Ҷамшед бешармона бӯса медиҳам. Аммо вай маст гашта буд ва ихтиёраш аз даст рафта буду ҳамоно аз ман талаби ҳамхобагӣ мекард.
- Ситора, биё равем ба он хона.
-Дигар намешавад, мо аллакай ин корро кардем.
-Аммо дили ман боз хоҳад чӣ кор кунам?
-Худатро нигоҳ дор Ҷамшед, ба ҳама маълум мешавад.
-Бигзор маълум шавад, охир ман туро мегирам-ку.
-Кадом бачаи ҳабдаҳсола зан гирифтааст, ки ту гирӣ Ҷамшед, боз кӣ ба ту шавҳардидаро гирифта медиҳад?
-Ситораҷон, бовар кун, ман дар гапам меистам ва гапамро ба падару модарам метавонам гузаронам. Ту аз ин ҷиҳат бепарво бош.
-Ман метарсам Ҷамшед.
-Ту маро дӯст намедорӣ?
-Аз ҷонам ҳам зиёдтар дӯстат медорам.
-Набошад дӯстдориатро исбот кун.
-Ба ту фақат исбот лозим будааст-да. Як бор исбот кардам охир.
-Кам буд он замон, маро сер накардӣ.
-Кай вақте маро ба занӣ гирӣ, он вақт ба дараҷаи дилхоҳат туро сер мекунам ҷонам.
-Маро ҳозир мефорад Ситораҷон, биё равем, набошад дар пеши ҳама...
-Ту беақлӣ накун.
-Ақли маро бо сеҳри оғӯшат дуздидию боз гап мезанӣ. Зуд бош, рафтем аз ин ҷо, ки набошад шарманда мешавӣ.
-Ҷамшед, сабр кун. Биё пагоҳ вомехӯрем.
-Майлаш пагоҳ ҳам вомехӯрем, имрӯз ҳам дилам туро бо ҷону дил мехоҳад. Хоҳишамро иҷро кун, ҷони ман.
-Ту ҳоло кӯдакиву маро фармон медиҳӣ?
-Ман кӯдак не, шавҳари ояндаи ту ҳастам.
- Ҷамшед, ором шав, ин бечораро ба ҳолаш гузор,- гуфта сардори синфамон мехост ӯро насиҳат кунад.
-Ту кори худатро кун, Баҳром, мо маслиҳати худро дорем.
-Охир мебинам, ки Ситора намехоҳад, ту ӯро маҷбур карданӣ ҳастӣ.
-Ҳамин Ситора маро намехоҳад? Вай бо ҷону дил маро мехоҳад. Ман ӯро аз шавҳараш ҷудо карда мегирам.
-Беҳуда сафсата нагӯ. Ситора, ту ҳам ба вай бовар накун.
-Барои чӣ бовар намекардааст. Ман инро ҳамеша дӯст медоштам. Ҳоли вақти зангирии ман нарасида инро шавҳар доданд.
-Хайр акнун ин зани мардак аст, ту ғам нате дигар ӯро.
-Ман ғам медиҳам ва аз шавҳараш канда мегирам ӯро,- гуфта маро боз ҳам ба оғӯш гирифт.
-Беҳтараш ман меравам,- гуфта аз ҷоям хеста ба берун баромаданӣ шудам.
-Ман ҳам бо ту меравам,- гуфта Ҷамшед мастона аз ҷояш бархест.
Ману Ҷамшед ба кӯча баромадем, аллакай пардаи торикӣ доман паҳн мекард ва одамони раҳгузарро шинохтан он қадар мумкин набуд. Мо ҳам аз ин торикӣ истифода намуда, тез-тез роҳ мегаштем, ки ман зудтар ба хонаамон расам. Аз Ҷамшед хоҳиш кардам, ки дигар аз қафои ман наояд. Вай бошад, якравӣ карда меомад ва ҳар замон маро ба оғӯш мегирифту мебӯсид ва зора мекард, ки боз як бори дигар ҳамроҳи ӯ бошам. Аммо дар дили ман ҳисси тарс бештар гашта буд. Ба бадӣ ягон таксӣ ҳам наменамуд. Вақте аз пеши хонаи онҳо мегузаштем, Ҷамшед мехост маро ба хонаашон кашолакунон дарорад, аммо аз пушти дарвозаашон садои гапзаниро шунида, аз ин фикраш гашт ва бо ман омадан гирифт. Қариб ба хонаи мо мерасидем, ки ӯ бори дигар маро ба канор гирифту сар додан намехост ва бо бӯсаҳои оташини худ маро обу адо мекард. Ман ҳам намехостам, ки аз ин оғӯши гарми дилкаш раҳо шавам , вале илоҷи дигар надоштам. Акнун худро раҳо карданӣ будам, ки равшании автомашинае ба тарафи мо омад ва Ҷамшед ноилоҷ маро раҳо кард. Аммо ронанда баръало дид, ки ману Ҷамшед ҳамоғӯш будем. Нигоҳ кунам, ин мошини бародари шавҳарам буд ва ӯ бадқаҳр мошинро назди мо нигоҳ дошта, бошаст аз он берун шуд ва мехост Ҷамшедро занад, ки вай чолокӣ карда худро раҳо кард ва гурехт. Ман бошам, гунаҳкору сархам меистодам ва дасти ҳеварам ба рӯйи ман равон гардида шаппотии обдоре фаровард.
-Ту фоҳишаро садқаи Накҳат кунад, агар зани ман мебудӣ, худи ҳозир саратро мебуридам.
-Ту ба зани худат кордор шав.
-Ту ба додари ман рӯйирост хиёнат карда, дар қади кӯча бо дигарон бӯсобӯсӣ карда гардию ман кордор нашавам?
-Кӣ гуфт, ки вай маро бӯса кард? Сари ман тоб хӯрд, вай маро нигоҳ дошт, ки наафтам,- гуфта худро сафед кардан мехостам.
-Ту мастӣ чӣ бало, ки сарат тоб мехӯрад?
-Кори ту набошад!- гуфта мехостам ба ҳавлӣ дароям.
-Надаро, ба ҳавлии мо. Ту нопок хонаводаи моро нопок месозӣ.
-Гуноҳи маро нагир, худатро дон ,- гуфта зуд давида ба ҳавлӣ даромадам.
Бародари шавҳарам мехост доду ғирев бардошта ҳамаро аз кори ман огоҳ созад, аммо хушдоманам дар хона набуд ва касе дар рӯйи ҳавлӣ набуд, ки ӯро дастгирӣ намояд ва танҳо Накҳатро ба берун бароварда ба ӯ дӯғу пӯписа мекард. Накҳати бечора дар вазъияти ногувор монда буду бародарашро бо азобе ором намуд ва бо сари хам ба хона даромад.
-Ситора, акам рост мегӯяд? Туро ягон бача бӯсид дар кӯча?
(Давом дорад)
Нигин


Комментарий №1    Написал: Шери Мастчох    21 июня 2012 10:13    Цитировать
Ту барин нопокхоро дар чои ходиса алов мондан даркор ки аз шумо фарзанди солим ба дунё намебиёд боз хунаш вайрони дигара тавалуд карда чомеаро вайрон мекнед.Зани шавхар дор ба шабнишини рафта гу мехурад


Комментарий №2    Написал: НАЗАРШО    21 июня 2012 17:19    Цитировать
э нигини бе номус руй рост секс навиштай!медонам ки бофтааст,лекин ин ба харяк марди зандор тахсири калон мерасонад.... Е саргузашти худатро пешкаши мо карди?не худат ба фикрам аз ин маколада саргузашти харому гушношунид дори


Комментарий №3    Написал: kate    22 июня 2012 02:40    Цитировать
Bas budagist ablahi yak jurnalisti besavod hamay sarsha gij karda gashtay nanavis inkhel makolahoi chirkinta az rui makolai tu boz tu barinho zindagiashon vayron mesha.


Комментарий №4    Написал: Абдулхошим    22 июня 2012 18:45    Цитировать
Ассалому алайкум.
Гар аз паи шахвату хаво хохи рафт
Аз ман хабарат ки бенаво хохи рафт
Бингар чи касиву аз кучо омадаи
Медон ки чи мекуни кучо хохи рафт
ё ин ки
Дунё хамаш соатеву умри ту даме
Аз бахри даме умри абадро мафуруш
Занхо бояд аз хама бисёртар аз мардхои шаробнуш пархез кунанд.
ба фикри ман Ин корхо на барои шахватангези аст. Ин чизхоро навиштаанд то рохи халли ин корхоро мо дуруст нишон дихем.


Комментарий №5    Написал: jigаr    26 июня 2012 11:58    Цитировать
ман хайрон и бародар навиштас ки хали ин корро ёбем. О и ланатира ай бусобуси ай капо капи бфораш, чхели хал. Ин ланати дарсдода истодааст ки ана аминхелаш кайфовиай авал макола нависа бад чопкна хадша ...


Комментарий №6    Написал: аюб    26 июня 2012 23:07    Цитировать
Адабро аз ки омухти?
Чавоб: аз беадаб
чи тавр?
Беадаб коре кард чазо дид ман он корро ба худ раво надидам.
Бигзор ин секс ибрати дигарон шавад ва худованд духтарони моро аз ин бадбахти нигох дорад.


Комментарий №7    Написал: худойназар    26 июня 2012 23:43    Цитировать
илтимос хаминхел мавзуъхоро руи руи когаз наоред .таких уродов ни места среди нас.извращенси...


Комментарий №8    Написал: НАЗАРШО    27 июня 2012 21:06    Цитировать
Аюб бародар ин матал ба хозира замони мо рост намеояд...


Комментарий №9    Написал: НУРИНИССО    1 июля 2012 17:29    Цитировать
Ин хел маколахо тарбияви нестанд.ин хел маколахо чавононро аз рох мебароранду рашки баъзе мардхоро нисбати зани чавонхояшон дучанд гардонида,ягон оиларо вайрон карданаш мумкин.Нависандаи макола худи дар хамончо иштирок доштаги барин,хар як эпизодро дидаги барин навиштааст. Мумкин хамин вокеъа рост бошад хам,намедонам.Лекин чи лозим духтарони точикро ин кадар беобруй кардану,чавонхоро тахкир кардан.(ман домодро дар назар дорам).


Комментарий №10    Написал: махбуба    3 июля 2012 13:46    Цитировать
Хозира вактба духтархо таракки кардаги сексба кунашонба хурда меистанд то шавхар кардана
1 2


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Сентябрь 2014    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Март 2014 (117)
Февраль 2014 (132)
Январь 2014 (107)
Декабрь 2013 (104)
Ноябрь 2013 (70)
Октябрь 2013 (80)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

Новые виды бумаги: многоразово ...
Маленький кредит и где его взя ...
Кино онлайн
Ограничивающие условия
Эффективность ковертерного
Производство кокса
Увеличение количества
Оценка фосфатшлаков
Доменный шлак
Колошниковая пыль


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"