Зан ва мард
2.02.2012 08:48

ТУ МАРО КУШТӢ, ФОҲИША!

(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
Оре, суханони ин марди рӯзгордида рост буданд. Вохӯриам шаби зодрӯзи ҷияни Нодира бо вай ба хотирам омад. Он вақт ӯ ба ҷои он ки бори аввал бо ман асту камтар шарм дорад, баръакс, маро чалап-чалап бӯсида буд. Пас дар сафари аввал чаро ӯ ба ману Зиёрат на нигоҳ мекарду на ҳарф мезад? Чаро бо модараш Шоиста-хола низ аҳён-аҳён сухан мегуфт? - баъдтар бароям маълум шуд. Аниқтараш байни оилаи Шоиста- холаву бародараш барои маблағ ҷанҷол афтод. Бародари Шоиста-хола Сулаймон- амак бо писаронаш Юлдошу Ёдгор корашонро аз оилаи хоҳар ҷудо карданд. Ман, ки бо Юлдош аслан сихкабоб мепухтам, намедонистам, ки бо кадом оила - бо оилаи хоҳар ё бародар монам. Вале дигар барои ман Нодира арзише надошт, ҳарчанд маслиҳати додаи акои Шокирро гирифта, бо ӯ зиндагии дурӯғин доштам.
- Сорбон, ту беҳтараш аз занат ҷудо шуда, бо мо кор кун, -рӯзе ба ман гуфт Юлдош ва барои он ки маро ба худашон ҷалб намояд, дар бораи зиндагии то Русия омадани Нодира қисса кард.
Нодира ҳанӯз дар синфи шашум хонданаш аллакай бо ҷавони зандори ҳамсоя ишқварзӣ карда, исмати худро бой дода будааст. Барои бо духтари ноболиғ алоқа кардан он ҷавонро ба ҳабс маҳкум карданд. Баъдтар ҳангоми дар синфи ҳаштум хондан Нодира аз каси номаълуме ҳомила мешаваду барои аз тифли батн халос хӯрдан, худаш чорае меандешад, ки аз он тадбираш хунрав гашта, ба беморхона меафтаду тифли батнро аз даст медиҳад. Баъди ин, ӯро дигар ба мактаб рафтан намемонанду ба марди зандидае никоҳ карда медиҳанд. Аммо Нодираи шавҳардор боз бо марди дигаре, ки шояд падари тифли батнаш буд, робита мекунад.
- Пеш аз ба Русия оварданаш ӯро аз рӯи фоҳишагияш шавҳараш талоқ дод. Аммаам аз шармандагии духтараш писаронашро гирифта ба инҷо омад. Падари Нодира марди хубе буд. Ӯ ҳам аз дасти шармандагиҳои кардаи духтараш аз бемории фишорбаландӣ вафот кард. Он вақт Нодира чордаҳсола буд. Аз ин духтар ба гуфти духтурон дигар кӯдак ҳам намешавад,- ба нақлаш хотима дод Юлдош.
-Ҳааа, ана гапу мана гап. Мани калакадуро ин духтару хонаводаашон хуб боб кардаанд, - гуфта мондам.
- Бале. Ростӣ, дили падарам ва мо ба ту месӯхт, ки Нодираи бероҳаро ба занӣ гирифтӣ, лекин ба ту чизе гуфта наметавонистем. Худат мефаҳмӣ - ку. Чӣ хел «хешдухтари мо чунин аст» - мегуфтем? - хиҷолатомез гуфт Юлдош.
- Бояд мегуфтед. Чӣ хеле, ки ҳозир гуфтӣ, он вақт ҳам ту ана ҳамин хел бояд мегуфтӣ, -тагдор карда гуфтам ману аз ҷои кор ба берун баромадам.
Поям дигар намекашид, то ба иҷорахона, назди Нодира равам. Духтар ҳам ба фикрам дигар бо ман робита доштан намехост. Ӯро, ки бо мардони гуногун алоқа дошт, гумонам дигар як мард қаноат намекунонд. Ё шояд қошу қавоқи овезону авзои гирифтаам ӯро низ нисбати ман бетафовут гардонд, ё мумкин шарм медошт, инашро аниқ намедонистам…
Аз ҷои кор баромада на ба тарафи иҷорахона, балки ба самти дигар равона шудам. Мехостам соате чанд дар танҳоӣ ҳамаи он чизеро, ки дар ҳаққи ҳамсарам аз Зиёрат, акои Шокир ва Юлдош шунида будам, дурустакак муҳокима намоям. Қариб ду соати расо қадам зада, дар соҳили дарёчае, ки одамони зиёде равуо доштанд, истодам. Аз рӯзе, ки сарам аз пушти Нодира пурмоҷаро шуда монда буд, кам-кам сигор дуд медодам. Дар соҳил ба об нигариста, сигорро ба даҳон гузоштаму оташ гирондам.
Барои ба асабам оромӣ бахшидан дуди сигорро ҳалқа-ҳалқа ба ҳаво пӯф мекардаму ба касеву чизе дар атрофам диққат намедодам, ҳатто ба наздам омадани хонуми русеро надида мондам. Вақте ба ӯ мутаваҷҷеҳ шудам, ки дар таги биниям меистоду бо табассум ба ҳалқаҳои дуде, ки ман аз даҳону биниям фаввора медодам, менигарист.
Зани рус аз ман сигор пурсид. Бо камоли эҳтиром қуттии сигорамро тарафаш дароз кардам, то худаш гирад. Хонум як дона сигорро ба берун кашиду онро ба лаб гузошт. Ман сигори лаби ӯро оташ гирондам.
- Надя,- дасташро барои шиносоӣ ба ман дароз кард зан бо чеҳраи хандон.
- Сорбон, значить Саша,- дар баробари ӯ ман ҳам ба таври худ хушзабонӣ намудам.
Он шаб бо даъвати Надя ман меҳмони хонаи вай будам. Ӯ аз ман панҷ сол калон будааст, аммо ин барои шиносоиву бо вай наздикӣ кардан монеъа эҷод насохт.
Шояд воқеаҳои дар зиндагиям шуда истода, ки ба Нодира марбут буданд, бисёр хастаам карданд, ки ман барои оромиш ёфтан бе ягон истиҳола худро ба як бор дидан пурра ба ин зани ношиноси рус таслим кардам. Ин боз як амали бефикронаи ман буд, ки оқибати бисёр вазнину ногувореро барои тамоми ҳаётам бор овард.
Хурсанд будам, ки акнун аз Нодира халос мешаваму то вақте ки дар Русия қарор дорам, бо ин зани рус бе миннат комронӣ мекунам. Ҷои кору хоби беминнат бошад, дигар ба марди мусофир чӣ лозим аст? Надя гуфта буд, ки аз ман ба ҷуз муҳаббату дӯстдорӣ ба ӯ чизе лозим нест.
Барои он ки Шоиста-холаву писаронаш аз ман хафа набошанду носипосам нахонанд, бо онҳо рӯйи рост дар бораи муносибати Нодира бо ҷӯраам Зиёрат нақл кардам ва дар ҳузурашон ҷавоби ҳамсарамро додам.
Дар хонадони Шоиста-хола баъди номи талоқро ба забон овардан гумон доштам, ки «қиёмат қоим»- мегардад, вале ғайричашмдошт касе ба ман чизе нагуфт. Ҳатто Нодира ҳам бо сари хам хомӯш менишаст. Ӯ барои сафед карданаш як даҳон ҳам гап гуфта натавонист.
- Холаҷон, ҳазор раҳмат барои дастгириҳоятон. Ман ҳеҷ гоҳ ин корро карданӣ набудам, аммо гуноҳи Нодира нобахшиданист. Охир, чӣ тавр ӯ бо ман робита дошту шарму андеша накарда, боз бо ҷӯраи наздики ман, ки нағз медонист, мо аз як маконему аз як маҳал ин ахмақиро кард?- гуфта гиристам.
- Ако, агар зани шумо чунин корро дар ҳаққатон раво бинад, чӣ кор мекардед? Раҳмат мегуфтед? - пурсидам аз бародари калонии ҳамсарам.
Ӯ хомӯш, ҷавобе надоду якбора кашидаву кушода ба рӯи хоҳараш муште зад. Аз даҳону бинии Нодира хун берун шуд. Ман давоми «намоишнома»-ро интизор нашуда, аз хона берун баромадам. Дар долон овози Шоиста-хола ба гӯшам расид, ки қанчиқи шарманда, - гӯён духтарашро бо забони худашон носазо мегуфт.
Ба хонаи Надя омадаму ҷои кори нав ёфтам. Ҳамааш аввалҳо бисёр хуб буд. Гумон мекардам, ки «акнун ба мани камбағал Худо дод», вале бадбахтона, шодиям мисли шодиҳои пешин поянда набудааст. Ман зуд-зуд бемор мешудам. Қуввату мадорам баъзан якбора гум мегашт. Аз вазъи саломатиам ба воситаи телефон ба бародарам шикоят кардам.
- Хез ба ватан биё, камтар аз боду ҳавои ватан хӯрӣ, хуб шуда меравӣ,- маслиҳатам дод вай.
- Сорбон, занатро ҳам меорӣ? - пурсид бародарам.
- Не, аз занам ҷудо шудам. Ба хона, ки равам, дар ин бора гап мезанем, - гӯён хайрухуш намудам.
Дар ватан ҳам вазъи саломатиям хуб нашуд. Гумон мекардам, ки тамоми бемориҳои олам маро кофта меёбанд.
- Бояд ба духтур равӣ. Канӣ фаҳмем чӣ беморӣ дорӣ. Рангу рӯят рӯз ба рӯз зард шуда рафта истодааст, -дилсӯзона гуфт янгаам.
Ба духтур рафтам, ташхис гузарониданд. Баъди ташхиси аввал табибон боз ду маротибаи дигар ташхисам карданд.
Худоё, даҳшат! Табибон ба бемории СПИД гирифтор шуданамро хабар доданд.
(Давом дорад)
Наргиси Муродалӣ


Добавление комментария
   





e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Май 2012    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ

» ШӮИ БИЧАТ МАДА ДАРКОР НЕСТ!
» СУРАЙЁ ҚОСИМОВА: АЗ ШАБНАМ ФАХР МЕКУНАМУ АЗ ФАРЗ ...
» МАРДАКҶОН, ЗАН ГИР!
» АСАЛИ МАН, ДӮСТАТ ДОРАМ!
» АРӮСИ ПАДАРУ ҲАМСАРИ ПИСАР
» ЗАН ГИРИФТ, НОМАРД!
» Роҳиби амрикоӣ Қуръонро сӯхт
» Домодҳои муҳоҷир, арӯсони интиз ...
» ДОМОДИ СИҶИНГ
» БАҲРОМ БА ЗАНАШ ХИЁНАТ КАРД?

Другие новости

Самому молодому участнику войны 87 лет
Они были безоружными
НИЧЕГО НЕ СТОИТ КОМУ-ТО ДОМ ПОСТРОИТЬ
Побороть инфекцию можно только сообща
Мы свободны или нет?
«Дикий» ВИРУС
Преимущества посуточной аренды жилья в Москве
Спрашивается
Юбилей
Вопросы коррупции обсуждались в «Кохи Вахдат»

Все другие новости

АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Май 2012 (121)
Апрель 2012 (135)
Март 2012 (207)
Февраль 2012 (166)
Январь 2012 (188)
Декабрь 2011 (272)

  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"