Зан ва мард
2.02.2012 08:48

САМАД! БА ВАЪДААТ КАЙ ВАФО МЕКУНӢ?

Салом ба аҳли заҳмати нашрияи дӯстдоштаам «Зан ва мард»- и розшунав. Воқеан ҳам, рӯз аз рӯз ин ҳафтавор розшунави дили ҳамагон гашта истодааст, аз ин ҷост, ки мо, хонандагонаш тариқи номаҳои хеш рози дил мекунем, саволу дархост, пешниҳоду пайғоми худро ба сарояндаи писандидаамон мефиристем…
Чун дӯстдори таронаҳои пурмуҳаббати сарояндаи ҷавону хушсадо Самад Ғанӣ ҳастам, ҳамеша тариқи ин ҷарида ба ӯ пайғом мефиристам, зеро ягона пайғомрасони беминнатам ин «Зан ва мард» аст. Бинобар ҳамин, бори дигар салому дуруди самимии хешро ба ин ҷавони соҳибҳунар мерасонам ва тариқи мактубам гуфтанӣ ҳастам, ки суруди ба тозагӣ эҷодшудааш хеле писандам омад, вале ба саволи он ки чаро дар дигар жанр суруда шудааст, ҳеҷ ҷавобе пайдо карда натавонистам, ё шояд Самад минбаъд ҳунари худро дар дигар жанрҳо ҳам месанҷад? Ба ҳар ҳол тарона хуб аст, асос он ки ба мо, ҳаводоронатон писанд омад. Ҳарчанд, ки Самад Ғанӣ дар жанри эстрада бештар суруд мехонд, вале таронаи «Мутриб»- аш, ки дар шакли рэп суруду шудааст, диданию шуниданӣ баромадааст ва фикр мекунам, ки ба дили ҳамагон роҳ ёфтааст. Вале мақсади асосии нома нигоштанам ин нест, балки мехоҳам ба чанд саволам тариқи ин нашрия аз ин ҳунарманди дӯстдоштанӣ ҷавоб гирам. Пеш аз ҳама донистан мехоҳам, ки кай нияти пешкаш намудани барномаи ҳунарӣ дорад, зеро дар чандин сӯҳбатҳояш ба мо, дӯстдорони суруду таронааш ваъда дода буд, ки дар Соли 2012 ҳатман як барномаи хуби консертӣ, ки аз дигар барномаҳо ба куллӣ фарқ кунад, пешкаш мегардонад, вале… Як моҳи аввали Соли нав ҳам рафт, аммо аз барномаи Самад хабаре нест, чаро? Хомӯшӣ баҳри чӣ бошад? Охир, мо, ошиқони ҳунараш ӯро пазмон шудем ва бесаброна интизори онем, ки бо таронаҳои ҷадидаш рӯи саҳнаи ҳунар ояд. Ё ӯ фикри моро намекунад? Ҳеҷ бовар намекунам, ки Самад Ғанӣ дар андешаи ҳаводоронаш набошад. Ба ҳар ҳол мо ӯро ва сурудҳояшро хеле зиёд дӯст медорем.
Мавлуда Хайруллоева, донишҷӯи факултаи рӯзноманигории ДМТ


Добавление комментария
   





e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Май 2012    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ

» ШӮИ БИЧАТ МАДА ДАРКОР НЕСТ!
» СУРАЙЁ ҚОСИМОВА: АЗ ШАБНАМ ФАХР МЕКУНАМУ АЗ ФАРЗ ...
» МАРДАКҶОН, ЗАН ГИР!
» АСАЛИ МАН, ДӮСТАТ ДОРАМ!
» АРӮСИ ПАДАРУ ҲАМСАРИ ПИСАР
» ЗАН ГИРИФТ, НОМАРД!
» Роҳиби амрикоӣ Қуръонро сӯхт
» Домодҳои муҳоҷир, арӯсони интиз ...
» ДОМОДИ СИҶИНГ
» БАҲРОМ БА ЗАНАШ ХИЁНАТ КАРД?

Другие новости

Самому молодому участнику войны 87 лет
Они были безоружными
НИЧЕГО НЕ СТОИТ КОМУ-ТО ДОМ ПОСТРОИТЬ
Побороть инфекцию можно только сообща
Мы свободны или нет?
«Дикий» ВИРУС
Преимущества посуточной аренды жилья в Москве
Спрашивается
Юбилей
Вопросы коррупции обсуждались в «Кохи Вахдат»

Все другие новости

АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Май 2012 (121)
Апрель 2012 (135)
Март 2012 (207)
Февраль 2012 (166)
Январь 2012 (188)
Декабрь 2011 (272)

  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"