ё чаро занҳо мардҳоро мекӯбанд?
Дар ривояте омада, ки: «Офаридгор дар ибтидо олам, осмонҳо, замин ва тамоми мавҷудоти онро офарид, сипас хост занро биофарад, таҳаммул кард. Баъдан аз моҳ сурат ва зебоиро, аз офтоб дурахш ва тулӯъ, аз ситораҳо фурӯзонию чашмакзаниро, аз абрҳо ашк, аз гулҳо ранг, аз шохаҳо алвонҷу ноз, аз насим лутфу навозиш, аз варақ сабукӣ, аз наботот сабзишу ларзиш, аз амвоҷ ҷилваю рамандагӣ, аз оташ ҳарорат, аз барф сардӣ, аз оҳу чашм, аз харгӯш тарс, аз саг вафо, аз асал лаззат, аз алмос салобат, аз паланг хашму қувват, аз тилло дурахш, аз турна нифоқ, аз гунҷишк пургӯӣ, аз булбул нағмасароӣ, аз ғизол назора, аз мор ҳикмат, аз рӯбоҳ макр, аз кабутар падруд, аз саъба ҳазён, аз шабнам тару тозагӣ, аз бунафша бӯй, аз баҳор лабхандро баргирифт. Ин ҳамаро бо ҳам омехта, занро офарид». Он зан - модареро, ки офаридгор асту оинаи поку беғубор, ботини ҳар халқу миллат ва давлат.
Акнун шумо тасаввур карда метавонед, ки чунин як олиҳаи меҳр дағалу бераҳм бошад, бар замми ин, шавҳарашро зери мушту лагат гирад? Азобашро то андозае зиёда гардонад, ки мард аз оғӯши ӯ дида, оғӯши хокро авлотар донад? Ё ҳама оини ҷавонмардиро зери по карда, назди касе шикоят барад, ки занам маро мезанад?!
Мувофиқи ваъдаи ба ҳаводорони ҳафтавори «Зан ва мард» додаамон, барои ба саволҳои дар боло гузоштаамон маҳз аз занҳо ҷавоб ҷӯстем. Биёед мефаҳмем, ки чӣ занро маҷбур мекунад, ки хашму ғазаби аз паланг мерос гирифтааш боло мехезад?
ШАРМ МЕДОРАМ, КИ…
- Ман аслан донишгоҳи омӯзгориро хатм кардаам, аммо зиндагӣ маҷбурам намуд, то даст ба тиҷорат занам. Аз хурдӣ мутолиаи рӯзномаю маҷаллаҳоро дӯст медораму ногуфта намонад, ки мухлиси ашаддии ҳафтавори «Зан ва мард» ҳастам. Маҳз аз маводи омоданамудаи ҳамин нашрия фаҳмидам, ки чанд мард аз дасти ҷабри занҳояшон даст ба худкушӣ задаанд. Ҳамчун як зан шарм медорам, ки дар байни бонувони миллати ман чунин ҳодисаҳои нохуш рӯй додааст. Наход бо мард дар як болин сар монда, соҳиби хонаю дар ва фарзанду набера шавию боз ба сари ӯ даст бардорӣ? Ба чилу се даромада, аввалин бор шунавидам, ки зан шавҳарашро мезадааст. Албатта, шунида будам, ки падар ё бародари зан домодашонро задаанд, аммо ин хелашро ёд надорам ва ҳар қадар худамро маҷбур кунам ҳам, бовариям намеояд. Масалан, ман аз шавҳарам дида пули зиёдтар меёбам, ӯ ронандаи таксӣ асту агар мизоҷ наёбад, он рӯз ба хона бепул меояд, вале ҳеҷ гоҳ падари фарзандонамро паст намезанам. Баръакс тамоми пули ёфтаамонро бо маслиҳат сарфи беҳуда накарда, истифода мебарем. Мешавад рӯзҳое, ки асабӣ мешаваду ба сари ман дӯғ мезанад, ҷангам мекунад, аммо ба тарафаш каҷ наменигарам.
Ёд дорам, модаркалони раҳматиям ҳамеша модарамро насиҳат мекарданд, ки нашавад боз ба шавҳарат бад нигоҳ кунӣ, ё гапашро гардонӣ, ки кофир мешавӣ. Шояд ҳамон муҳите, ки тарбия ёфтаем моро итоаткори шавҳар ба воя расонидааст? Барои ман зане, ки ба шавҳараш гап мегардонад, нафратовар аст, задану ҳақорати дағал кардан бошад, ваҳшониятест ногуфтанию ношуниданӣ!
Сафармоҳ Соҳибназарова, тоҷири бозори «Корвон».
ВАҚТЕ МЕҲРУ МУҲАББАТ НЕСТ…
- Гумон мекунам дар он оилаҳое, ки зан аз тарафи шавҳар таҳқиру лату кӯб мешаваду мард аз тарафи зан, асоси оиладорӣ, яъне ишқу муҳаббати инсонӣ умуман вуҷуд надорад. Барои ҳамин ҳам, волидон пеш омаду хуш омад гуфта, фарзандонро хонадор накунанду дили онҳоро низ пурсанд. Бовар кунед, шахсеро, ки дӯст медорӣ, равои озорашро надорӣ. Ҳамсарам хеле бармаҳал аз дунё рафту мани ҷавон ба қавли мардум бо як хона бача танҳо мондам. Албатта, душвор аст, барои зани танҳои ҷавону зебо бе мард зиндагӣ кардан, вале ба хотири Зулмиддини азизам дигар ба шавҳар набаромадам ва фарзандонамро калон кардам, умри ҷавонамро фидо намудам, то рӯҳаш осуда бошаду чароғи манзилаш фурӯзон. Аз марги ҷигарсӯзи ӯ солҳо сипарӣ гаштанду гузашти солҳо ӯро бароям азизтару наздиктар гардондааст, бисёр мехоҳам, аз дар дарояду сар ба шонаҳояш гузошта, пазмонӣ шиканам, аммо афсӯс ҳеҷ рафтае ба олами хомӯшон бар нагаштааст. Аз хоҳарони азизи худ хоҳиш дорам, ки зиндагии ширини хешро ба умеди ашёи нодаркоре талх насозанд, шавҳаронашонро наранҷонанд, зеро умр гузарон асту оқибати ҳар амали баде пушаймонист.
Саъдуллоева Майрамбӣ- омӯзгори мактаби № 92-и ноҳияи Сино.
ӮРО ЗАДА ПЕШ КАРДАМ!
- Аҷдодони мо шавҳарро қиблагоҳи худ хонда, гапашро ду намекарданд, аммо шумо гӯед, ки куҷои шавҳарҳои ҳозира қиблагоҳ аст? Онҳо ҳатто ба шавҳари оддӣ будан ҳам намеарзанд! Шавҳарони пешина занҳояшонро аз хона берун баромаданӣ намемонданд, кор карда, ризқи худу фарзандонро меёфтанд. Барои ҳамин ҳам, мусулмонӣ буду занон бе сатру бозорӣ набуданд, баъд ҳукумати шӯравӣ омаду занонро «озод» кард ва сар шуд давраи беқадрии зан. Ҳуқуқи марду зан баробар гӯён вазнинтарин корҳоро ба дӯши зани муштипар бор карданд. Шӯравӣ барҳам хӯрду озодии меросмонда дарди сари мо гашт. Ман бовар намекунам, ки зан (агар девона набошад) шавҳарашро занаду беҳуда ҷангу ҷанҷол бардорад. Аз дидани марди дар хона (мебахшед) бӯй гирифта хобида, асаби зане, ки хар барин кор карда барои шиками тағораи ӯ хӯрокӣ мекашад, албатта вайрон мешавад! Масалан, ман шавҳарамро зада аз хона рондаму акнун худам бо навбат дар ду тарабхона пешхизматӣ карда, рӯзи фарзандонамро мебарам. Вай бар ивази бекорхоҷагияш нашъаманд буду пулҳои барои ман аз Руссия фиристодаи бародарамро тин ба тин ҳисоб карда мегирифт. Боз падари бист сол пеш мурдаамро дашном медод, пули писарашро мехӯрду арвоҳи падари кайҳо хоку туробшудаамро ҳақорат мекард. Борҳо гуфтамаш, ки ислоҳ шаву ба сари ман даст набардор ва падарамро ҳақорат накун, вале нашуд, оқибат бо калтаке мисли саги дайду зада аз хона пешаш кардаму ба кор баромадам. Бовар кунед, бе ӯ зиндагии ману фарзандонам хубтар аст, бародаронам аввал пешхизмат шуданамро шунида, эътироз карданд, аммо ман ба тамоми муқаддасоти олам қасам хӯрдам, ки сари онҳоро хам нахоҳам кард. Охир, то кай аз ҳисоби акаю хешу таборонам зиндагӣ мекунам, бас будагист?! Шавҳари кӯрнамакамро натанҳо ман, балки Худою арвоҳи падари беозорам ҳам зад, ӯро сари дуздияш дастгир намуда, ба мудатти чор сол равонаи зиндонаш карданд. Шояд дар зиндон ақлаш дарояду зиндагияшро аз варақи тоза оғоз намояд? Замираи Аҳмадҷон, пешхизмати тарабхона.
ЗАНҲО ҲАМ ҲАҚҚАНД!
- Ҷони одам ба лабаш, ки расид, дигар на хубашро фикр мекунаду на бадашро. Ман як умр аз дасти шавҳари майзадаам шатта хӯрда, ба сад беморӣ печидам. Шавҳаратро дашном диҳӣ талоқ мешавӣ, мудом дар гӯшам мехонд модарам, ман ҳам гапи ӯро гӯш карда, хомӯш ҷабру ҷафои як майхораи муштзӯрро тоқат мекардам. Шояд бовар накунед, аммо пас аз лату кӯби ӯ ҳафтаҳо бо сару рӯйи варам мегаштаму аз шиддати асабоният сарам сахт дард мекард. Ӯ ба ҷойи раҳму шафқат дарро кушода, мур ту девонаи касалӣ, - гӯён афти хунукашро инҷ карда механдиду дандонҳои зарди пӯсидаашро нишон медод. Оқибат аз шароби бадсифат заҳролуд гашта, мурду ҷонам халос шуд, аммо се сол гузашта бошад ҳам, агар касе дарамонро сахттар кӯбад, духтарчаам, ки дувоздаҳсола аст, беихтиёр чиррос мезанад, оча гурез, дадам маст омад! Худам -ку дар 35-солагӣ маъюбу касалӣ шудаам, аммо намедонам, ки вазъи рӯҳии духтаракам кай хуб мешуда бошад. Кош ман ҳам боре муқобилият нишон медодаму саломатиамро ҳифз мекардам, аҳсан ба он занҳое, ки метавонанд. Хуб мекунанд! Агар худатро дӯст дорӣ, дигарон ҳам туро дӯст дошта, ҳурмат мекунанд, ба зулму таҳқир тан надиҳед хоҳарони азиз!
Нафаре, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд.
Омодасоз Лолаи Саидакбар