(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
Ҳамин тавр Азиза ба курси сеюм гузашт, духтараки ҳампаҳлӯяш Нисо, ки ҳама рози дилашро ба ӯ мегуфт, як субҳ бо чашмони варамида ба дарс омад.
- Нисоҷон, чӣ шуд?- пурсид Азиза.
- Ман оиладор мешавам, шавҳаршавандаам дар Эрон кору фаъолият менамояду маро низ ба ҳамон ҷо мебарад. Таҳсилро онҷо давом медиҳӣ мегӯяд, аммо аз танҳо мондани падарам дилгирам, - бо ашки резон гуфт Нисо. Азиза медонист,ки модари Нисо даҳ сол пеш ҳангоми таваллуди фарзанди дуюмаш фавтидаасту падараш олими шинохтаи кишвар духтарчаи 12-солаашро танҳо ба воя расонидааст.
- Чаро падарат зан намегирад?- тарошаи аз бом афтодагӣ барин пурсид Азиза.
- Намедонам, китф дар ҳам кашид Нисо. Духтарони ҳамсоли ман ҳам ба ӯ таклифи издивоҷ мекунанд, аммо падарам намехоҳад, мегӯяд, ки зани хуб кам аст.
-Нисоҷон, модари ман чил сол дарад, баъди фавти падарам бист сол боз бе шавҳар маро калон кардааст, агар ман ҳам хонадор шавам, ӯ танҳо мемонад, биё ҳардуи онҳоро оиладор мекунем, - таклиф кард Азиза. Дили Нисо низ бардошта шуду ваъда дод, ки аввал модарашро худаш мебинад, баъд коре карда падарашро ризо мекунад. Нисо гуфт, ки ҳамин бегоҳ ҳамроҳи аммааш ба хонаи онҳо меояд. Баҳонаи ҳубе ҳам ёфтанд…
Бегоҳӣ Азиза ба модараш гуфт, ки дилам ош мекашад ва ҳарду ош пухтанд. Ошро нав дам андохта буданд, ки занги дар баланд шуд. Духтар онро кушода, пушти дар Нисоро дид ва дугонаҳо аз рӯйи нақшаи кашидаашон ба нақшофарӣ гузаштанд:
- Нисоҷон, мегӯям, ки шамоли куҷо туро паронд, роҳи хонаи моро аз куҷо ёфтӣ? – сохтакорона пурсон шуд Азиза.
- Ба хешамон хона даркор шуду аз рӯйи эълон ба ҳамин тарафҳо омадем. Занги дари шуморо бошад, тасодуфан зер кардам, - гуфт Нисои балоча.
Ҳамин вақт модари Азиза, ки шоҳиди ин гуфтугӯ буд, назди дар омада, ҳамсабақи духтарашро ба дарун таклиф намуд. Нисо аввал аз рӯйи нақша нею нестон кард, вале баъдтар ҳамроҳи аммааш вориди хоначаи хурдакак ва тозаю озодаи онҳо гаштанд. Ба аммаи Нисо Сайлии тозарӯзгору хушдастархон аз нигоҳи аввал хуш омад, бар замми ҳамаи ин, модари ҳамсабақи ҷиянаш бонуи хушгапи соҳибҷамол ҳам буд. Рӯзи дигар ризоияти падарашро Нисо расонд ва ба дасти Азиза фиттаеро дода гуфт, ки ин ҷо филме аз ҳаёту фаъолияти падарам аст, ҳамроҳи модарат тамошо карда, ӯро ризо намо.
Худи ҳамон шом духтару модар фиттаро тамошо карданд, он ҷо Римма-хола ҳам ҳузур дошт. Азиза ҳақиқати ҳолро ба модар гуфта, ҳамроҳи Рима-хола маҷбураш намуданд, ки ба ин издивоҷ розӣ шавад. Профессор Носирӣ марди қоматбаланди зебо ва хушлибосе буда, аз Сайлӣ ҳамагӣ даҳ сол фарқ доштааст...
- Очаҷон, шумо ҳамагӣ чил сол доред, аз бистсолагӣ бе мард зиндагӣ мекунед, охир шумо ҳам ба хушбахтӣ ҳақ доред-ку! - модарашро ба оғӯш гирифта гуфт Азиза.
Пас аз як ҳафтаи ин гуфтугӯ дар тарабхонаи бонуфузе сари як миз, профессор Носирӣ, духтар ва хоҳари ӯ, Сайлӣ бо Азизаю Римма-хола ва устодаш Мубошира Набиевна хонадоршавии ин ду шахси бо амри тақдир аз бахт маҳрумро таҷлил намуданд. Азиза пеш аз вохӯрӣ модарашро ба кошонаи ҳусне бурда, оро дод, Сайлӣ дар либоси хушдӯхту ороиши хеле аҷиб мисли парӣ зебо менамуд. Римма - хола аз ин ба ваҷд омада, гуфт:
- Ҳеҷ гумон намекардам, ки ту ин қадар зебоӣ…
Азиза модарашро ба хонаи бахташ гусел намуда, худ бо Римма-хола монд, вале ҳар рӯз баъд аз дарс ду –се соатро бо модараш сипарӣ мекард.
- Духтарам, ту ҳам ба хонаи мо биё, ба қарибӣ хоҳаратро тӯй мекунему ману модарат танҳо мемонем, - хушгӯйӣ мекард падарандараш аз пешонии Азиза бӯсида.
- Ман бо шумо буда наметавонам, зеро Римма- хола танҳост, - ҳамеша чунин ҷавоб медод Азиза.
- Римма-холаро ҳам меорем, - мегуфт Носири дилкушод ва илова мекард: Дар ин ҳавлии калон ба ҳама ҷой мерасад. Ман тез-тез ба сафарҳои хизматӣ меравам, модарат бошад, танҳо зиқ мешавад.
Аз шунидани ин суханон Азиза хурсанд мешуд, ки Худованд дер ҳам бошад, ба модари азизу ғамкашидаи ӯ бахт ато кардааст. Аммо ҳама ин ташвишҳо як сӯ буданду ғами Шаҳбози асираш як тараф. Ӯ шабу рӯз Худоро зора мекард, ки азизи дилашро аз банд раҳо созад.
Туйи Нисо баргузор гашту ӯро ҳамроҳи шавҳараш ба Эрон гусел карданд. Шаҳбоз бошад, чанд рӯз боз ба зангҳои духтар ҷавоб намегуфт. Азиза инро ба модар нақл карду модар ғайри чашмдошт ӯро тасалло дода гуфт:
- Дадаат (Азиза аз рӯзҳои аввал падарандарашро дада гӯён муроҷиат мекард) мегӯяд, ки падари Шаҳбозро нағз мешиносад, худи ӯро ҳам. Бисёр бачаи нағз будаасту танҳо ошнобозияш ӯро ба бало гирифтор намудааст… Аз ин тасаллои модар дили Азиза каме бардошта шуд. Нав аз хонаи модараш баромада буд, ки телефонаш занг зад, Шаҳноз аз ӯ хоҳиш кард, ки ба хонааш биёяд. Духтар пару бол бароварда сӯйи хонаи Шаҳноз парвоз намуд, зеро бисёр мехост ба ҳамин восита аз азизаш хабаре ёбад. Дар дами дар ӯро Шаҳноз пешвоз гирифта, ба меҳмонхона роҳнамоӣ кард, сари миз Шаҳбози ӯ нишаста буд…
Азиза аз ин воқеаи ногаҳонӣ дасту по гум карда, назди дар шах шуда монд, Шаҳбоз ҳам духтараки сабзинаи меҳрубонеро интизор буд, аммо пеши худ олиҳаи ҳуснро дида ҳайрон монд …
Танҳо бо дахолати Шаҳноз онҳо ба худ омада, сари як миз нишастанд, аммо Азиза аз шарм гап зада наметавонист. Танҳо баъд аз гузаштани чанд соат тавонист, қиссаи зиндагии худро ба ҷавон нақл кунад…
Шаҳбоз, ки барои рафтори намунавияш аз муҳлат пеш аз ҳабс озод шуда буд, ба Азиза гуфт: Ҷонам, ман бояд барои шавҳари ту шудан арзанда гардам, ана баъд тӯй барпо мекунем. Дар мудатти як сол ҷавон бо ёрии шавҳари апааш ва нерӯйи муҳаббати Азиза тавонист тиҷораташро ба роҳ монад, аз падараш бахшиш пурсида, ҳуҷҷатҳояшро ба шӯъбаи ғоибонаи донишгоҳи тиҷорат супорад. Ғайр аз ин, ба табобати модари ғамбемораш машғул шуд, танҳо баъди ду сол каме ба худ омад. Азиза дар курси охирини Донишгоҳ мехонду ҳама ӯро чун духтари профессор Носирӣ мешинохтанд. Ана дар ҳамин айём тӯйи арӯсии ин ошиқони дар оташи зиндагӣ сӯхта баргузор гардид. Модари домод ҳангоми рӯбинон арӯсашро дида, духтурашро шинохта бо нигоҳи қаноатманд ба осмонҳо нигариста ба он зоти тавоно садҳо шукрона фиристод. Баъди тӯйи арӯсии Азиза, Римма-хола ба хонаи профессор Носирӣ кӯчид, то писараки навзоди духтархондаш Сайлиро бо ҳам тарбия кунанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки бахт ёри накӯкорон аст.
Маҳваши Баҳодур