Зан ва мард
2.02.2012 08:48

ЯК ХОСТГОРИ СОЗ НАЁФТАМЕ…

ЯК КАВАЛЕРИ ОДАМРАНГ НАЁФТАМ
Cалом «Зан ва мард»- и азиз! Хонандаи доимии туям, ки ҳар шумораатро харидорӣ намуда, мехонам, вале рости гапро гӯям, бори аввал аст, ки ба унвонат нома менигорам. Аниқтараш мушкиле маро водор намуд, то хома ба даст гирифта, мактуб нависам.
Синнам ба 28 даромада бошад ҳам, ҳанӯз ба шавҳар набаромадаам. Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба Коллеҷи тиббии пойтахт супорида, таҳсиламро давом додам ва пас аз чор соли хониш, хушбахтона, соҳиби диплом ва касб гаштам. Имрӯз шукри Худо, ки аз рӯи ихтисос дар беморхонаи овозадори кишварамон Қаряи боло кору фаъолият дорам. Аз рӯзе, ки худро шинохтаам, ёд надорам, ки дили нафареро озор дода бошам, ҳамеша дар шодии инсонҳо шарикам, вале… Намедонам аз чӣ бошад, ки ҳоло ҳам, гарчанде хостгорони зиёд дорам, вале аз миёни онҳо ҷавони ба дилам наздику писандро пайдо накардаам. Ҳама он нафароне, ки хоҳиши бо ман издивоҷ карданро доранд, ё аз худам чандин сол хурданд, ё тамоман рафтору одоби хуб надоранд. Шояд боварам накунед, вале то имрӯз муҳаббати нафареро қабул накарда будаму бо ҷавоне ҳам муносибатҳои ошиқона надоштам. Вале ҳамагӣ чанд моҳ пеш ҷавоне аз Федератсияи Русия тасодуфан ба рақами телефонам занг заду мо сӯҳбат кардем. Ба ӯ хато карданашро фаҳмондам, аммо боз занг мезаду хоҳиши бо ман гап заданро дошт. Мусофир аст гуфта, чандин маротиба бо вай ҳамсӯҳбат шудаму чӣ тавр бо ҳам унс гирифтем, худ надониста мондам. Ҷавон ҳангоми гуфтугӯ ҳаргиз сухани ноҷо намегуфт, ҳамеша аз боби хонадорӣ, зиндагӣ ва қадри одаму оила ҳарф мезад. Ростӣ, хушсуханиаш писандам омад ва дӯсташ доштам, ҳарчанд, ки ӯро боре ҳам надидаам. Дар ҳар сӯҳбатамон ваъдаи якҷо шуданро медод, ман бошам, ҷавобе намегардондам, зеро зиндагӣ кори шӯхӣ ё телефонӣ нест, аммо дар дилам нисбаташ меҳри зиёд доштам. Ба ҳамин умед, дар ин давом чанд хостгори дигарро ҷавоби рад додам, вале… Аз шиносоиамон чанд моҳ гузашту ҷавон тағйири хислат намуд, ӯ дигар мисли пештара тез- тез занг намезаду аз ҳолу аҳволам пурсон намешуд, дар боби ишқу муҳаббат ҳарф намезаду ҷумлаи хонадоршавиро ба забон намеовард. Ман низ чизе намегуфтаму занг ҳам намезадам, ба кору борам овора, дар ёдам на телефон буду на касу чизи дигар.
Рӯзе садои телефонам баланд шуд. Чун гӯширо гирифтам, аз он сӯ овози ҷавони ношинос омад. Пас аз ҳолпурсӣ ӯ дар аввалин маротиба занг заданаш иброз дошт, ки рақамамро аз холааш, ки чанде пеш дар беморхона бемор буду ман табобаташ мекардам, гирифта, ба хотири шинос шудан занг задааст. Мақсад аз занг заданаш бошад, бо ман шиносоӣ пайдо кардану аз рафтору гуфторам огоҳ шудан аст, зеро ҷиддӣ нияти хонадоршавӣ дорад. Ростӣ, чанд маротибае, ки зангам мезанад, дар гуфтораш ҳеҷ камбудие пайдо намекунам, аммо… Медонед, ҷавон дар синну сол қариб 6 сол аз ман хурд аст. Пинҳон накардам, солу моҳи таваллудамро гуфтам, вале иброз дошт, ки холааш дар ин масъала кайҳо боз ба ӯ маълумот додаю маро хеле зиёд таъриф кардааст. Бовар кунед, намедонам чӣ кор кунам. Оё дар издивоҷ синну сол нақш мебозад?
Мунира, аз шаҳри Душанбе

АЗ ИДОРА:
Хоҳари азиз! Дар издивоҷ ҳаргиз синну сол нақш намебозад, вале мо гуфта наметавонем, ки ҳатман бо он ҷавон хонадор шавед. Пеш аз он ки ба як хулосаи аниқ биёед, аввал шуморо зарур аст, то боре бо шавҳаршавандаатон аз наздик сӯҳбат намоед, ҳадди ақал ӯро бубинед, зеро савдои умр кори саҳл нест. Шумо барои як- ду вақт не, балки барои доимӣ бо вай хонадор мешавед, бинобар ин, саросема нашуда, хуб ӯро омӯзед, дар борааш маълумоти бештаре пайдо намоед ва баъдан ба хулосаи даркорӣ оед.

…Духтар пару бол бароварда сӯйи хонаи Шаҳноз парвоз намуд, зеро бисёр мехост ба ҳамин восита аз азизаш хабаре ёбад. Дар дами дар ӯро Шаҳноз пешвоз гирифта, ба меҳмонхона роҳнамоӣ кард, сари миз Шаҳбози ӯ нишаста буд…


Комментарий №1    Написал: гуля    4 февраля 2012 13:09    Цитировать
шумо як чизро фахмед. ки зидаги ягон вакт ба мисли хохиши инсон намешавад.Оила хам хаминтавр будаст, бехуда одамони кадим нагуфтаант: "Як гулу як хор"Дар давоми зиндагиям фахмидам ин хама дуруст будааст.


Комментарий №2    Написал: АБДУЛХОШИМ    4 февраля 2012 15:15    Цитировать
Дар издивоч синну сол накш намебозад. Пагамбарамон аз худаш 15 сол калон гирифтаанд. Шумо яку якбора гуфта синну солам калон аст издивоч кунед ин кор хато аст чунки забон устахон надорад. Шумо бояд аз рафторашон хуб огох шавед.


Добавление комментария
   





e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Май 2012    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ

» ШӮИ БИЧАТ МАДА ДАРКОР НЕСТ!
» СУРАЙЁ ҚОСИМОВА: АЗ ШАБНАМ ФАХР МЕКУНАМУ АЗ ФАРЗ ...
» МАРДАКҶОН, ЗАН ГИР!
» АСАЛИ МАН, ДӮСТАТ ДОРАМ!
» АРӮСИ ПАДАРУ ҲАМСАРИ ПИСАР
» ЗАН ГИРИФТ, НОМАРД!
» Роҳиби амрикоӣ Қуръонро сӯхт
» Домодҳои муҳоҷир, арӯсони интиз ...
» ДОМОДИ СИҶИНГ
» БАҲРОМ БА ЗАНАШ ХИЁНАТ КАРД?

Другие новости

Самому молодому участнику войны 87 лет
Они были безоружными
НИЧЕГО НЕ СТОИТ КОМУ-ТО ДОМ ПОСТРОИТЬ
Побороть инфекцию можно только сообща
Мы свободны или нет?
«Дикий» ВИРУС
Преимущества посуточной аренды жилья в Москве
Спрашивается
Юбилей
Вопросы коррупции обсуждались в «Кохи Вахдат»

Все другие новости

АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Май 2012 (121)
Апрель 2012 (135)
Март 2012 (207)
Февраль 2012 (166)
Январь 2012 (188)
Декабрь 2011 (272)

  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"