Чархи Гардун
3.06.2016 11:26

Ҳабибулло Назаров ва Карим Девона муродифи ҳамдигаранд

Маълум, ки устод Ҳ. Назаров бо Карим Девонаро кашф кардану асарҳои ӯро дар як маҷмӯа нашр намудан, барои адабиёт чӣ хизмати бузурге карданд. Аз ин рӯ, дар ин бора чизе намегӯям. Аммо, дар бораи он ки ашъори Карим Девона аз тариқи асарҳои устод дар байни мардум чӣ ангезаеро (бо маънои некаш) ба миён овард ва чӣ тавр ба дилу рӯҳи мардум мувофиқ афтод, дар мисоли як деҳаи хурдакаки кӯҳистон мухтасар мегӯям. Ин деҳа зодгоҳи камина - Авзикент, дар кӯҳистони ҳудуди ҷамоати деҳоти М. Турсунзодаи шаҳри Ҳисор воқеъ аст.
Охири солҳои 50-уми асри гузашта, ки мо бачаҳои 9-10 сола будем, дар деҳаамон асосан се китоб аз даст ба даст мегузашт: «Фолклори даҳонии халқи тоҷик», «Афсонаҳои халқи тоҷик» ва «Сатрҳои оташин» - маҷмӯи ашъори Карим Девона, ки устод Ҳабибулло Назаров мураттаб сохта буданд.
Ҳамдеҳагони ман баъди анҷоми корҳои саҳро шуғли дигар надоштанд. Бо ин сабаб бештар вақтҳо ҷамъ шуда, сурудсароӣ, шеърхонӣ, қиссаю афсонаю зарофатгӯйӣ мекарданд. Дар бештар маврид маҳз китобҳои номбурдаро мавриди истифода қарор медоданд. Аз ҳамин ҷост, ки мазмуни онҳоро қариб ҳамаи шахсони боақли деҳа медонистанд, махсусан шеърҳои Карим Девонаро, ки ба рӯҳу дилу ҷони мардум наздик буданд. Ёд дорам, ки одамон ҳангоми ҷуфту дарав, чигинакашию хирманкӯбӣ ҳамеша сурудҳои «Шамолак мевазад бо барги гандум», «Бародарҳо, чунин арз дорам имшаб», «Кишга мунча ҳам жабру ситам дур», «Ранги заъфарон», «Нолаи модар», «Фалаки ситамгар» барин шеъру ғазалҳоро хеле бо аламу пурғусса месуруданд. Ҳамчунин, хуб дар ёд дорам, ки шеърҳои Карим Девона дар сархати барномаи ҳофизони шинохтаи гирду атроф Мирзоюсуф Ҳакимов ва Маҳмадғанӣ Шукуров қарор доштанд. Ба ҷуз ин, ашъори ин шоири воқеан халқӣ, бе муболиға рӯҳбардори занону духтарон ва пирони деҳа буданд. Борҳо дидаам, ки модарам Аноргул ҳангоми ҷунбонидани гаҳвора бо алам мехонду мегирист:
Забон дорам, вале гуфтор надорам,
Ба ғам дармондаам, ғамхор надорам…
Модаркалонам Озода, ки замоне аз диёри худ – Ғозималик чун ятим ҷудо шуда, ба деҳаи мо омада будааст, чунин месуруд:
Моро ятим кардаст Худо,
Аз дӯстони худ ҷудо,
Ҳастем ғарибу бенаво,
Аз дасти зулми золимо…
Бобоям Мирзомурод, ёдашон ба хайр, ки табиатан шахси ҳалим буданду шеърро хуб мефаҳмиданд, дар аснои пирӣ ғазали «Ранги заъфарон»-ро бо чашмони пуроб месуруданд:
Ба ранги заъфарони ман расид чангу ғубор имрӯз,
Ба ҷонам мезанад ханҷар чу габри нобакор имрӯз,
Ба ҳасрат меравам ёрон, аз ин шаҳри Ҳисор имрӯз,
Ба ман амри маҳол аст дидани хешу табор имрӯз…
Борҳо шунидаам, ки модарон вақти марги фарзанд зор-зор гириста, ҳасрат мекарданд:
Аз фироқат сӯхтам, эй нури чашмонам, балам,
Соя будӣ бар сарам, сарви хиромонам, балам,
Чок-чок аст ин гиребон то ба домонам, балам,
Нозанинам, қобилам, Абдулмаҷидҷонам, балам.

Хулқи хубат мерасад, сад оҳу афғон мекунам,
«Во балам» мегӯяму сад шаҳра вайрон мекунам,
Аз ду чашмам ҷӯйи хунро мисли борон мекунам,
Нозанинам, қобилам, Абдулмаҷидҷонам, балам…
Ҳангоми гиря баъзе модарон, агар ҳамқофия бошад, ба ҷойи Абдулмаҷид номи фарзанди худро мегирифтанд. Ҳамқофия набошад, «пайвандии ҷонам» ё «эй бачаи ҷонам, балам» мегуфтанд.
Бо ин мисолҳо гуфтаниам, ки устод Ҳабибулло Назаров бо ҷамъ овардану нашр намудани ашъори Карим Девона дар тану ҷони мардум рӯҳи нав, нерӯи тоза ва шодию сурур оварду (шеърҳое дар назаранд, ки дар ин мақола наомадаанд), барои озурдадилон беҳтарин воситаи тасаллӣ. Аз ин сабаб, ҳатто мақолаҳои ғаразнок, нотавонбинона ва барқасдонаи баъзе муаллифони вақт ҳам натавонистанд, ки таъсири ашъори шоири воқеан халқиро дар дили мардум коҳонанд ва қимати асарҳои Ҳабибулло Назаровро паст бизананд. Баръакс, маҳз ҳамон мақолаҳо сабаб шуданду мардум барои хондани асарҳои устод ва шеърҳои Карим Девона иштиёқи боз ҳам бештар зоҳир карданд.
Гуфтаю навишта будам ва боз такрор мекунам, ки шеърҳои Карим Девона барои мо бачагон низ беасар набуданд. Аввалин шеърҳои медонистагии мо аз ашъори ӯ буд.
Ин сатрҳоро навиштаму чанд лаҳзаи аҷоиби ҳаётам ба хотир расид.
Лаҳзаи аввал: Ман, бачаяки 10-11- солаи деҳаи дурдасти кӯҳистон забони русиро тамоман намедонистам ва ҳар бори ба маркази ноҳия омадан албатта, ба мағозаи китобфурӯшӣ даромада, фақат як чизро мепурсидам:
- Карим Девона ҳаст?
Фурӯшандадухтар, ки аз миллати рус буд, ҷавоб медод:
- Нет.
Ман нобоварона, бо андешаи он ки ӯ шояд забони тоҷикиро нафаҳмид, мегуфтам:
- Карим Девона нето?
Фурӯшандадухтар шеваи маро такрор намуда, бо андаке табассум тасдиқ карда, мегуфт:
- Нето, нето.
Ҳамин гуфтугӯйи ману фурӯшанда ҳар бор қариб айнан такрор мешуд. Кор ба дараҷае расид, ки ӯ маро мешинохтагӣ шуд ва ҳар бори навбатии аз дари мағоза даромаданам, ҳанӯз ман лаб во накарда, мегуфт:
- Карим Дивана нето.
Бо ҳамин ман маъюс аз остонаи дар қафо мегаштам.
Лаҳзаи дигар: Онро қисса мекунам ва бовар дорам, ки хонандагон тамасхур нахоҳанд кард: Синфи 8-ум мехондам. Духтараке ба чашмам гарм намуду ба номи ӯ мактуби ишқӣ навишта, онро бо чунин шеъри Карим Девона ҷамъбаст намудам:
Ду абрӯи хамида чун ҳилолат,
Гирифторам ба он ҳусну ҷамолат.
Намедонам туро, ҷононаи ман,
Дар ин деҳа дурри якдонаи ман,
Куҷою кай бубинам, роз гӯям,
Азизам, дилбарам, бахти накӯям.
Баъд аз чанд рӯз ҷавоби нома омад. Духтарак дар мактубаш фақат ду мисраъ шеъри Карим Девонаро навишта буд:
Ҷонбозӣ мекунам, аз ман намегирӣ хабар,
Тири ишқат мерасад монанди пайкон бар ҷигар.
Сипас, ду мисраи охири шеъри навишта фиристодаи маро андаке тағйир дода, дар чор мисраи эҷоди худ ҷой ва вақти вохӯриро таъин карда буд:
Куҷою кай бубинӣ роз гӯйӣ?
Азизу дилбару бахти накӯйӣ?
Агар, ки ту чунинӣ баъди фардо,
Даруни пахтаи қишлоқи боло,
Лаби ҷӯ, дар таги бедҳои Маҷнун,
Ба вақти нисфирӯзӣ вохӯрем мо.
Баъди вохӯрӣ маълум гашт, ки духтарак китоби «Сатрҳои оташин»-ро доштааст ва бисёр шеърҳои Карим Девонаро аз ёд медонистааст.
Эҷодиёти Карим Девона дар ҳаёти шахсан худам аз овони наврасиам то кунун мавқеи хосса дорад. Бо суруди номбурдаи «Ду абрӯи хамида чун ҳилолат» аз санҷиши маҳорат имтиҳон супорида, ба омӯзишгоҳи маданию маърифатии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Ҷалилови ноҳияи Рӯдакӣ) дохил шуда будам. Шеърҳои Карим Девонаро минбаъд аз саҳнаҳо ва дар тӯю маъракаҳо месурудам ва ҳоло ҳам дар иҳотаи ёру дӯстон месароям. Оид ба нақши асарҳои Карим Девона дар ҳаёти мардум ва ҷойи ашъори ӯ дар эҷодиёти санъаткорон, оид ба он ки Карим Девона ва ашъорашро мардум то чӣ андоза мепарваранд, чанд мақола нашр кунонидам. Як китобчаеро низ бо номи «Карим Девона, ман ва ҳамдеҳагон» («Ирфон», 2014) дастраси хонандагон гардонидам. Чанд сол аст, ки дар тараддуди навиштани китоби «Шамъи чорсӯйи Ҳисори қадим» ҳастам ва дар доираи ин тараддуд ба бисёр гӯшаю канори ҷумҳурӣ сафарҳо намуда, маводҳои зиёд ҷамъ кардам. Аз ҷумла, муяссарам шуд, ки бо пайраҳаҳои 60-62 сол пеш ҳаракат кардаи устод Ҳабибулло Назаров қадам занам, дар зодгоҳи Карим Девона – деҳаи Ҷурак аз чашмае об нӯшам, ки худи шоир беҳисоб об нӯшидааст, сутунҳо ва болорҳои арчагии масҷидеро тавоф кунам, ки замоне Карим Девона ба онҳо такя намуда, барои ҳамдиёронаш шеърҳо гуфтааст. Ҳамчунин, тақдир созгорам шуд, ки марқади шоирро зиёрат кунам, ба бисёр деҳаҳое, ки қадамҷойи шоир буданд, аз ҷумла, деҳаи хеле ободи Шӯрён ва вайронаҳои Қарасирт равам ва ба ҳамдиёрони шоир суҳбатҳо ороям.
Дар натиҷаи сафарҳои чандинкарата яқин намудам, ки ашъори ин шоири мардумӣ ҳоло ҳам мухлисони зиёд дорад. Онро сокинони шаҳру ноҳияҳои Ҳисору Хуросон, Рӯдакию Шаҳринав, Ёвону Қубодиён, Данғараю Абдураҳмони Ҷомӣ, Дӯстию Ҷалолиддини Балхӣ ва махсусан, деҳаҳои кӯҳистони Ғозималику Боботоғ бо шавқ мехонанду месароянд. Худ шоҳидам, ки ҳунарварони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва бисёр ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб дар барномаи ҳунарии худ шеърҳоро аз ашъори Карим Девона ҷой кардаанд ва бо завқи том месароянд. Дар ҷумҳурӣ шояд кам касоне ёфт шаванд, ки сурудҳои ҳофизони халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов «Бародарҳо, чунин арз дорам имшаб», Шумқор Одинабеков «Аҷаб дилбар, ки ман дидам» ва чанд суруди дигарро аз ашъори ин шоири халқ дар иҷрои ҳофизони хушадо Муҳаммадсаиди Аҳмад, Сафармуҳаммади Шариф ва Субҳони Саид нашунида бошанд.
Карим Девона зодаи қишлоқи Ҷураки собиқ ноҳияи Даҳанакиик, ҳоло Хуросони вилояти Хатлон аст. Ин деҳа имрӯзҳо шомили ҳудуди маъмурии ноҳияи Рӯдакист. Бештари ҳаёту фаъолияти эҷодии шоир дар шаҳри қадимаи Ҳисор гузаштааст. Масъулини ин шаҳру ноҳияҳо албатта медонанд, ки баъд аз як сол аз зодашавии Карим Девона 140 сол пур мегардад. Бинобар ин, бисёр кори сара хоҳад шуд, агар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва шаҳри Ҳисору ноҳияи Рӯдакӣ ташаббус нишон дода, барои таҷлили ин сана иқдоме намоянд. Он гоҳ ҳам рӯҳи шоир Карим Девона, ҳам рӯҳи шоир ва нависандаи забардаст Ҳабибулло Назаров шод мешаваду ҳам барои дар рӯҳияи шеърдӯстию адабиётпарварӣ тарбия намудани мардум, алалхусус, наврасону ҷавонон як воситаи хубе фароҳам меояд.
Ҳасан Юсуф


Комментарий №1    Написал: Jayden    19 июля 2016 16:53    Цитировать
I made these as soon as I read this post! I might post it on my blog as well! Ther8#&217;ye freezing as we speak! Thanks for sharing such a delicious recipe! Happy I stumbled on your blog and I’m looking forward to eating these healthy little treats!


Комментарий №2    Написал: zion101    26 июля 2016 08:17    Цитировать
мы выдаем кредиты на развитие бизнеса заинтересованным клиентом, которые ищут для кредита, чтобы улучшить свой бизнес, мы можем помочь своим предприятиям кредиты. Мы можем помочь вам, предоставляя вам деньги, чтобы начать свой бизнес или расширить существующий бизнес. Минимальная сумма составляет $ 10000. Максимальная сумма составляет 20 миллионов долларов. Чтобы получить более подробную информацию по электронной почте: zionfinance01@gmail.com


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июль 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"