Чархи Гардун
3.06.2016 10:51

1 июн – Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон

Тибқи омори расмӣ феълан шумораи кӯдакони маъюби кишвар аз 28 ҳазор нафар беш аст. Тифлони маъюбу бе парастореро, ки ниёз ба кӯмак доранду марказҳои солимгардонӣ ба қайд нагирифтаанд, низ кам нестанд. Зеро ин марказҳо имкони саробонии онҳоро надоранд.
Ҳамчунин, сафи онҳоеро, ки аз мактаб дуранд ва бо ҳар баҳонае пурра ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд, касе аниқ намедонад.
Вазъ ҳамон вақт хуб мешавад, ки агар сармоядорон ва тоҷирони ғамхоре пайдо шаванд, на дар иду ҷашне як халта орду ду собун ва бозичаи тӯҳфaкардаашонро ба сад иллату миннат ба маъраз гузоранд.
Ҳамарӯза дар кӯчаву бозор ва хиёбону истгоҳҳо фавҷи кӯдакони наҳифҷуссаву заҳирчеҳраро мебинӣ, ки аз сари субҳ то дили шаб ҳамели пиставу донаи офтобпараст, халтаи носу дуди испанд мефурӯшанд, тифли даҳ- дувоздаҳсола аз ҷабри замона аробаи пур аз нуқлу навои хоҷаи серпулеро дандон ба дандон монда мекашад, то аробаи рӯгорро пеш барад, вале хоҷа ҷои 2 сомонии байъӣ чанд дирам сӯяш мепартояду беғамона дӯғ мезанад: Аробаатро каш, сағираи шум! ва аз оби чашмони резони кӯдак ҳаловат бурда, қаҳқаҳаи мастона мезанад. Дидани ин манзараҳои риққатбор ба ҳукми қонуни нонавиштае даромадаанд, ки талош барои зистан ном дорад…
…Аз чорроҳаи назди кинотеатри “Ватан” мегузаштам. Канори роҳ кӯдаки 8-10 солае бо либосҳои даридаву сару пои кафида ба дарахте такя намуда “мехобид”. Кафи дастони шахшӯлу аз чирк карахшбастаашро ҷониби раҳгузарон дароз карда буд: мазмун, «ба ман хайре бикун, марди Худо!” Рӯи зонувону пеши пояш чанд танга ва 1 сомонии қатшудаву фарсуда парешон. Маълум, ки раҳгузари садақадеҳ аз ҳоли зори ӯ ҳазар намуда, садақаашро сӯи писарак бо нафрат партофтааст. Ин дам гузори ду марди низомипӯш тасодуфан ё шояд минтақаи назоратиашон буд, ки он ҷо афтод. Яке аз “бало ҳазар!” гӯён худро дур кашид, дуюмӣ бо нӯги дубинкааш 2-3 бор ба шикаму паҳлӯи гадобача нихта кард, наҷунбид. Сипас, бо кароҳият пеши пояш туф карду “паъат худша ба мурда задай-е” гӯён аз паси ҳамроҳаш роҳро гузашт. Милисаҳо 30-40 қадам дур нашуда, писарбачаи афтодаҳоли дар қаду баст ва синну сол аз “гадобача” андаке калонтар дуздона наздик шуд ва дирамҳои хайрияи дар гирди ӯ пошхӯрдаро чолокона чида, роҳ ба гурез ниҳод. “Гадобача ”аз ин ҳол воқиф шуда, бо доду фиғони дилхарош ба по хест ва аз паси “дузд’’ тохт. Дур нарафта, сари чорроҳаи рӯ ба рӯи меҳмонхонаи “Душанбе” кӯдаки дигареро дидам, ки пайт мепоид ва баробари сурх шудани чароғак аз” камингоҳ” баромада, булбулакаш ба хондан даромад: Кисаат касса шава, мошинат Мерси шава, душманат пашша шава, гӯдакат гушна наша”. Баъзе ронандагон ҳам ба завқ омада аз рӯи ҳиммат чизе мебахшиданд. –Ин “cуруди гӯшнавоз”-ро аз кӣ омӯхтӣ? –мепурсам аз он кӯдак.
–Ин суруд нестай ака, ин дуояй, -ҳама балоро ай сарат дур мекунад. Ту ҳам як чӣ буте, корат вадаванг меша, - бо тамаллуқи моҳирона қуттии испандашро пуф намудаву гирдам чарх зад ӯ.
–Мактаб мехонӣ?
-Ма, ки мактаб равум, кӣ ғами очаму кудакоша мехура?
-Падару модарат кор намекунанд?
- Отам Расия рафтагӣ,4 сол шуд бе хату хабар, очам ҳамин дуора навишта дод… Ин дам чароғак сурх шуду ӯ қуттии испандашро пуф-пуфкунон ба қатори мошинҳо наздик шуд ва “дуои вирднамудааш”-ро хондан гирифт…
Ин ду бардоштро аз ҳоли кӯдакони ба истилоҳ “бозорӣ” ҳар сари қадам метавон мушоҳида намуд. Чун ба онҳо ҳамсӯҳбат мешавӣ, дар умқи нигоҳи ғамзаву андешамандашон нишоне аз тифлии беғашро намебинӣ, аз ҷисми наҳифу шонаҳои зери бори зиндагӣ бармаҳал зерхӯрдаашон умеди нашъунамо нест. Онҳо мардони кӯдакинадидае ҳастанд, ки қисмат аз хати пешонияшон бо собуни сиёҳ ин овонро шустааст. Зиндагӣ дар гардани онҳо банди кӯргиреҳи худро бастааст, ки наметавонанд андешаи фардои дурахшони хешро кунанд. Зеро якеро падар ба Русия мардикорӣ рафтаасту дигаре аз падар (ё модар ) ҷудо зиндагӣ мекунад, сеюмӣ саробоне надораду, чорумиро аз хона рондаанд, панҷумиро, ки “одамвор ”зистан мехоҳад, бояд ризқашро худаш пайдо намояду шашумӣ волидайнаш корношояманд… Ва ин омилҳо ҳар якеро ба сари кӯчаву бозор кашондаанд.
Вақте дар бозори “Cултони Кабир” аз марде, ки ҳамроҳи кӯдаки 13-солааш муздурӣ мекард, дар бораи ояндаи фарзандаш пурсон шудам, бепарво ҷавоб дод:
“Ҳозирааш ризқашро ёбад, калон, ки шуд, баъд мебинем, чӣ мешавад”. Модом, ки падар дар барои фарзанди худ аз имрӯз андешаи нек намекунад, умед бастан ба фардои дурахшони ҷомеа маънӣ надорад. Ба қавли Томас Фуллер: “Шахсе, ки фарзандашро барои аз худ кардани пешаи манфиатбахше сафарбар намекунад, дуздро мехӯронад!”
Пас, аз фардои ин тоифаи наврасон, ки ифтихори миллиро нос мепиндоранду меҳри Ватанро хокрӯбаи кӯчаву бозор, чӣ ҳам метавон умедвор шуд? Онҳо, ки ғайр аз аробакашиву гадоӣ дар бисот чизе надоранд, метавонанд ояндаи солиму дурахшоне дошта бошанд? Кӣ кафолат медиҳад, ки ин кӯдакони сарсони хиёбонӣ рӯзе дар зиндагӣ пешпо хӯрда, аз риши падар намегиранд, ҷомеаро барои нисбати тақдирашон бепарвоӣ зоҳир намуданаш ба расвоӣ намекашанд, ва билохира, аз фарти ҷаҳл ба гурӯҳҳои тундраву иртиҷоӣ намепайванданд?...
Пирамарде аз Маҷди Хофӣ пурсид:
- Чӣ гӯӣ дар ҳаққи фарзанде, ки аз риши падар бидораду чӯб бар сари падар бишканад?
Гуфт:
- Аз падар то ин дам чӣ омӯхтааст?
Пирамард гуфт:
- Хар ба кироя додан.
Мавлоно посух дод:
- Гуноҳ аввал аз худи падар аст. Агар аз хурдсолӣ ӯро ба мактаб медод, то аз илму ҳунар баҳра мебурд, имрӯз ин амали ношоистаро раво намедид. Чун аз кӯдакӣ аз думи хар гаштаву аз одамият дур буда, ҳангоме риши падар дошт, гумон кард, ки думи хар медорад ва чун чӯб бар сари падар зад, гумон кард, бар сари хар мезанад.
Пас, ҳоло, ки дер нашудааст, сари ин масъала андешаи ҷиддӣ мебояд, то фардо тифли ширхораи имрӯз устухоне дар гулӯи ҷомеа нагардад, ки дамгир хоҳад сохт. Ва дигар табибе чун лаклак чорагар нахоҳад буд!
М. Мақсадуллоҳ




Комментарий №1    Написал: Adele    19 июля 2016 16:36    Цитировать
Joel Rivera / Nora SimonAside from opining, the only other thing that Coward has to offer is child-like personal attacks in the persona of a condsecending jackass. You can't reason with him/her/it.


Комментарий №2    Написал: WilliamRhype    4 февраля 2017 06:13    Цитировать

, .
.
?


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Ноябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"