(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)
Дар айни замон бояд гуфт, ки ҳарчанд ислом аз ҳаёти сиёсии кишвари Туркия берун шуд, вале таъсири он дар ҳаёти сиёсӣ бартараф нагардид ва бо мурури замон тақвият ёфта истодааст. Демократия имконият дод, ки ташкилотҳои нави динӣ, ҷараёнҳои пинҳонӣ ва дигар ҳизбҳое, ки тарғиби исломро тақвият медоданд, ташкил шаванд. Дар раванди бисёрҳизбӣ исломиён бо истифода ва дастгирии ҳизбҳои дунявӣ дар ҷомеа таъсир мерасонданд. Ҳарчанд солҳои 1980 бо қувваи низомиён, ки кафолати пойдории давлати дунявӣ ба ҳисоб мераванд, ҳаракатҳои исломӣ пахш мешуд, вале воқеият нишон дод, ки заминаҳои исломи сиёсӣ устуворанд. Муносибат бо ташкилотҳои динӣ ва умуман бо дин дар ҳаёти маънавии ҷомеаи Туркия ва зиёда аз ин ҳамчун омили асосии маърифати сиёсӣ ва унсури идеологияи системаи сиёсии Туркия боқӣ монд.
Ба ҳам омадани фарҳанги аврупоӣ бо фарҳанги исломӣ ва миллии туркҳо дар ҳаёти Туркия системаи сиёсиву иҷтимоии наве, ки ҳам принсипҳои демократии Аврупо ва ҳам исломиро дар бар мегирад, ташаккул ёфт.
Дар ибтидо Камол Отатурк исломро ҳамчун омили карахткунандаи рушди иқтисодӣ дар ҷомеа маҳдуд сохт. Аммо маҳдуд кардани доираи фаъолияти ташкилотҳои динӣ барои пайдо шудан ва амал кардани ташкилотҳои ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар ҳақиқат мафҳуми дунявият то ҳол барои мардуми авом нофаҳмо мондааст. Шояд дунявият дар Аврупо ба тағйир додани муносибатҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ- иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ таъсир расонида бошад, вале дар он шакли татбиқи он дар Туркия ғайриимкон буд, зеро дар ин ҷо шакли дигари тафаккур ва муносибатҳои ҷамъиятӣ вуҷуд дошт. Ислом дар ҳаёти мардум таъсири зиёд дошт ва қариб тамоми масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангию ахлоқӣ дар чорчӯбаи ислом амалӣ мешуданд. Бо вуҷуди ҳамин ҳам давлат тӯли даҳсолаҳо хеле кӯшиш ба харҷ дод, то ҷомеаи дунявии мушобеҳ ба ғарбро созад, вале воқеаҳои солҳои охири Туркия нишон доданд, ки татбиқи низоми дунявӣ дар Туркия ба мушкилотҳои зиёд рӯ ба рӯ омадааст. Чунки ҳамаи ин ислоҳотро асосан теъдоди ками мардуми мансабдор пайгирӣ мекарданд, аксарияти мардум бошад, дар сатҳи ҷомеаи суннатӣ зиндагӣ мекард. Дар натиҷа дунявият дар доираи маҳдуди мансабдори он маҳдуд монд. Ҳарчанд аксарият заиф гардидани исломро интизор буданд, аммо дар солҳои 60-80–и асри гузашта раванди ворид гардидани ислом дар ҳаёти сиёсии ҷомеа бештар шуда, марказҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва марказҳои хайрия ташкил ёфтанд. Илова бар ин, дар майдони муборизаҳои сиёсӣ миёни ҳизбҳо барои ишғоли ҳарчи бештари курсӣ дар Парлумон нақши ислом аз пешина бештар гардид. Зиёда аз ин баъди солҳои 80- ум ҳизбҳои дунявӣ низ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ аз ислом истифода мебурданд ва баъдан ин як амалӣ муқаррарӣ гардид. Дар ин раванд исломиҳо низ соҳиби таҷрибаи бой шуданд, ки дигар онҳоро ба назар нагирифтан ғайриимкон буд.
Бо қувват гирифтани ҳизбҳои динӣ ашаддитарин душмани онҳо артиш, ки кафили пойдории давлати дунявӣ буд, тадриҷан бо исломиҳо на танҳо муносибатҳои ҳасана ба роҳ монд, ҳамчунин, имрӯз баъзе aфсарони олирутбаи артиши Туркия ин идеяро барои ҷомеаи Туркия қобили қабул намеҳисобанд. Дар натиҷа ҳизбҳои исломӣ дар интихоботҳо бе ягон мамониат овози бештари мардумро ба даст меоранд.
Аз ин рӯ, аз ин таҷрибаи Туркия давлатҳои пасошӯравӣ бояд барои худ бардошт кунанд. Пеш аз ҳама онҳо барои ҳифзи манфиатҳои давлати дунявӣ корҳои зеринро бояд аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба танзим дароранд:
1Танзими фаъолияти ташкилотҳои динӣ.
2.Пиёда сохтани барномаи давлатии маорифи динӣ дар кишвар.
3.Ба низом даровардани табъу нашри маводи динӣ, фаъолияти ташкилотҳои хайриявӣ ва мақсаднок истифода намудани онҳо.
Туркия дар зери таъсири фарҳанги Аврупо аз нигоҳи ҷаҳонбинӣ ва технологӣ хеле пеш рафт, ки ин ба тафаккури динии мардум низ таъсири худро дошт. Ҷомеаи Туркия дар давоми 70 соли даврони карахтии Осиё ҳамаҷониба пеш мерафт ва чандин ислоҳотҳо дар соҳаи дин амалӣ сохт ва таълимоти диниро ба талаботҳои рӯз мувофиқ кард.
Аммо, нуқтаи асосӣ барои мо он аст, ки Туркия дар мантақаи Осиёи Марказӣ манфиатҳои сиёсии худро дорад ва тақлиди кӯр-кӯрона аз таҷрибаи он метавонад фарҳанги миллии тоҷиконро фалаҷ кунад, зеро ин ҷо таҳмили фарҳанги бегона ба ин мардум бештар мегардад ва ин падидаи нав набуда, таърихи ҳазорсола дорад. Аз ин бармеояд, ки кушодани марказҳои гуногун аз ҷониби Туркия ва маблағгузории барномаҳои мухталиф пеш аз ҳама бо мақсади ҳифзи манфиатҳои геополитикии Туркия пиёда мегардад. Яке аз роҳҳои ворид гардидани туркизм ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла ба Тоҷикистон омили динӣ мебошад, зеро туркҳо бо мардуми ин мантиқа мазҳаби муштарак доранд. Фаромӯш набояд кард, ки маҳз туркҳо бо дастгирии арабҳо ва истифода аз омили мазҳабӣ давлати Сомониёнро барҳам заданд. Ҳамон вақт маҳз омили мазҳабӣ тоҷиконро аз давлатдории миллӣ бенасиб кард. Имрӯз баъзе аз муҳаққиқон мехоҳанд, ин ҳодисаҳои таърихиро таҳриф карда, давлатдории манғиту хонҳои муғулро дар ин мантиқа давлатдории тоҷикон ном баранд, ки ин аз ақли солим берун аст.
Чунин як имтиҳони таърихӣ боз баъди 10 аср ба сари мо тоҷикон омад ва бозии навбатии ашхосе, ки туркҳо онҳоро тайёр карда буданд, бо мардуми тоҷик ба чӣ анҷом ёфт? Маҳз ҳамин дастпарварони туркҳо мардуми ин мантиқаро ба гирдоби баҳсҳои сохтаи мазҳабӣ кашиданд, ки барои тоҷикон оқибатҳои нангин овард. (Таърихи инқилоби Бухоро. С. Айнӣ 1917).
Чанд лаҳза ба давраи таърихӣ бармегардем, то ин масъала равшантар гардад. Ҳанӯз аз соли 1912 ҳаракату марказҳои зиёд таъсис ёфтанд, ки мақсади асосии онҳо муайян намудани мавқеи мусулмонони Туркистон дар оянда буд. Моҳи апрели соли 1917 дар шаҳри Тошканд аввалин ҳаракати сиёсӣ «Туркистан мусулмон маркази шурасӣ» (Шӯрои марказии мусулмонони Туркистон) таъсис ёфта, баъд дар заминаи он «Шуройи исламийа» ва «улама джамийати» ташкил ёфта буд. 26 апрели соли 1917 «Шуройи исламийа», конгресси «Туркистан мусулмонлари биринчи қурултай»-ро барои муайян намудани ояндаи Туркистон даъват намуд. Дар ҳамаи ин ташкилотҳо ягон тоҷик роҳбар набуд. Баъдан ҳизби сиёсии Осиёи Миёна «Турк одама марказийат партийаси» (Партияи марказии мардумони турк) таъсис ёфт, ки на танҳо мавҷудияти тоҷиконро эътироф накард, балки онҳоро дар ин мантиқа аз доираи ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва динӣ тамоман канора карданд ва дар даврони тақсимоти ҳудудӣ дар Осиёи Миёна тоҷикон умуман ягон нуфузи муайянкунанда надоштанд. Боз ҳамин хатои таърихиро такрор карданд. Яъне ибораи ҳазорсолаи пеш бартарияти миллат аз нав эҳё гардид, ки тоҷикон натавонистанд, муҳимтарин унсури ояндаи зиндагии худро муайян кунанд, боз дар гирдоби бозиҳои сиёсӣ қурбон шуданд.
Имрӯз тааҷҷубовар он аст, ки чаро бештаре аз ба ном зиёиву донишмандони миллати ин масъаларо дуруст дарк накардаанд, ки андешаҳои «почтенного» Фатҳулло Гюленро, ки мағз андар мағз хусусияти туркгароӣ дорад ва синтези андешаҳои фарҳанги туркӣ бо фарҳанги аврупоӣ мебошад, мисли пешин боз ба мардуми тоҷик таҳмил мекунанд. Ин зиёиён то ҷое аз худ бегона шудаанд, ки гӯё танҳо идеяҳои Фатҳулло Гюлен дунёро наҷот медодааст ва инро дар ҷомеа таблиғ мекунанд, чанд ҷумла аз андешаҳои олими тоҷик Нодир Одиловро дар бораи ин наҷотдиҳанда зикр мекунам:
«…И проведя маленькую работу, охвативаюшую основопалагающие принципы двежения Гюлена, которые, я думаю, являются гарантией мира и согласия на земле, и другие, вызвавшие мой интерес, темы я подумал, что будет важным и полезным поделиться с ними в первую очередь с нашими государственными деятелами и научными кругами, а затем и с народом Таджикистана», Книга «Идейние пространство Гюлена» О. Нодир 2010.
Шояд баъзе зиёиёни тоҷик дар тарғиби идеяи туркизм манфиати шахсии худро дошта бошанд, вале тарғиби ин идеяҳо ба фарҳанги миллӣ ва давлатдории тоҷикон метавонад зиён оварад ва чунин андешаҳо барои ягон тоҷик дастурамали корӣ нахоҳад шуд. Агар ин идеяи пешқадами Гюлен ба сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ меовард, шояд онро дар ҳалли мушкилоти дохилии Туркия, аз ҷумла, муноқишаҳо бо курдҳо, арманиҳо ва миллатҳои дигар татбиқ мекарданд. Вале мебинем, ки ин тавр нест.
Хуб мешуд, ки мо аз таҷрибаи давлатҳое, ки бо мо муносибатҳои беғаразона доранд, ба мисли Ҳиндустон, Малайзия ва ғ. бештар бардошт намоем, зеро дар ин кишварҳо халқу миллатҳои гуногун, пайравони адёни мухталиф зиндагӣ доранд. Масалан, Ҳиндустон мақсади таҳмили фарҳанги миллии худро болои тоҷикон надорад, зеро робитаҳои иқтисодӣ барои ин кишварҳо муҳимтар аст. Илова бар ин дар давлати дунявии Ҳиндустон ҳамаи дину мазҳаб ва миллатҳо, новобаста аз аққалият ё аксарият будан баробарҳуқуқанд. Аз ҳамин нигоҳ омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи давлати Ҳиндустон барои мо мувофиқтар аст.
Аз ин бармеояд, ки Тоҷикистонро зарур аст, низоми дунявияти худро бо назардошти хусусиятҳои фарҳангӣ, миллӣ ва сатҳи маърифати динию дунявии мардум мувофиқ намояд, зеро тақлид ва ё ба таври механикӣ нусхабардорӣ кардани таҷрибаи дигарон метавонад қувваҳои наверо ба майдони муборизаҳои сиёсӣ-идеологӣ кашад, ки дар оянда барои давлати миллӣ мушкилоти нав эҷод намоянд.
Маҳрами Анварзод, муҳаққиқ