Шунидани ин ҳикоят, ки аз тақдиру қисмати як нафар падари ҷафокаш нақл мекунад, аз ҳар ҷиҳат дардноку аламовар ва то ҷое хашмовар мебошад.
Ҷои афсӯсу надомат аст, ки баъзе фарзандони нохалаф гиребони падар гирифта, саробони оилаву пуштибони хонадонро зери лату куб қарор медиҳанд. Баррасии чунин як парвандаи ҷиноятӣ дар суди ноҳияи Сино моро водор кард ба хотири пешгирии ин гуна рафтору муносибати носипосона дар нисбати волидон қазияи чанд муддат пештар рухдодаро, манзури хонандагон гардонем.
Бо мақсади ҳақиқати ҳолро инъикос кардан воқеаи рӯзи 28- уми сентябр рух додаро инҷо меорем. Он рӯз Файзенов Зафари 35- сола, дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Маяковский падарашро дашномҳои қабеҳ дода, бо мушт якчанд маротиба ба сарурӯяш мезанад. Ба эроду сухани атрофиён, ки шоҳиди ин мазара буданд, эътиборе надода, рафтори авбошонаашро давом медиҳад. Ин вақт аппааш Анҷела, ки дар он наздикӣ зиндагӣ мекард, расида омада падарашро аз дасти додараш халос карданӣ мешавад. Вале ӯ касеро гӯш накарда, аз замин рудаи резиниро гирифта, лату кубро давом медиҳад. Баъди бо мушкилӣ онҳоро аз ҳам ҷудо кардан, мӯйсафедро ба сару рӯи кабуд ба хона меоранд ва Зафари масту ақлгумкарда бошад, аз он ҷо ғайб мезанад.
Волидон аз чунин рафтору муносибати фарзанди бадмасташон дар ҳарос афтода, ҳаракат мекарданд, ки дар чашми писарашон натобанд ва бо ин мақсад Яхшибек дар бисёр мавридҳо аз ӯ дурӣ ҷӯста, ба хонаи ҳамсояаш Раҷаб мерафт. Дилбастагӣ ба машрубот ва пайваста истеъмол кардани он Зафарро аз ҷодаи одобу ахлоқ берун бурда, ба як ҳайвони ваҳшӣ табдил дода буд. Агар дар ҳушёрӣ аз корҳои бад каму беш худдорӣ мекард, вале дар мастӣ оламу одамро фаромӯш карда, даст ба озори волидонаш мезад.
У пайваста ба хона маст меомад ва бо таҳдиду зӯрӣ аз пайвандонаш барои машрубот пул мегирифт.
Апааш Анҷелика маҷбур шуд, барои таъмини хонавода ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, чанд муддат аз Россия пул равон намояд, вале додари майпараст пулҳои бо машаққат ба даст овардаро, сарфи майнӯшӣ карда, подоши ранҷи ӯро барбод медод. Анҷела қарор дод ба хона баргашта, нигоҳубини волидонашро ба зимма гирад. Зеро дар набудани ӯ нафақа онҳо сарфи машрубот мегарадид. Аз ин хотир худаш кӯмакпулиро гирифта, барои онҳо хӯрокворӣ мехарид ва бо маводи лозимӣ рӯзгорашонро таъмин мекард.
Нимашаби 11- уми октябр Зафар чун ҳамешагӣ дар ҳолати мастӣ ба хона омада, падарашро пайдо накард ва фаҳмид, ки ӯ дар хонаи ҳамсоя аст, барои хашму ғазабашро холӣ кардану қасос гирифтан, он ҷо рафт. Баробари ба хонаи Раҷаб даромадан, борони дашному алфози қабеҳро ба сари падар фурӯ рехта, бо дасту пой ӯро задан гирифт. Ҳамсоя бо мушкилӣ писарро аз падар ҷудо карда, ӯро ором намуд. Рӯзе набуд, ки бар асари бадмастӣ миёни онҳо ҷанҷолу муноқиша нахезад. Кор то ҷое расид назидкони ин марди авбошсирату бадахлоқ дигар натавонистанд ин бедодгарии ӯро таҳаммул кунанд. Косаи сабрашон лабрез гашта, маҷбур шуданд ба кормандони милтсия муроҷиат кунанд.
Зафар дар пурсиши аввал ба ҳама гунаҳҳояш иқрор шуда, иброз дошт, ки ҳарчанд борҳо кӯшиш кардаааст, вале наметавонад майнуширо тарк кунад. Аз сабабе, ки волидонаш низ шароб истеъмол мекунанд, ӯро аз ин хуш намеояд ва якчанд маротиба аз онҳо хоҳиш мекунад, ки дигар арақнӯшӣ накунанд, вале онҳо боз ин корашонро идома медоданд. Зафар ёдовар шуд, ки рӯзи 14-уми январи соли 2011 ба хона ширакайф омада, падарашро маст мебинад. Байни онҳо муноқиша хеста, Яхшибек бо тасма писарашро мезанад. Аз ин муносибати падараш дар хашм шуда, дар ҷавоб бо мурваттоб (отвёртка) ӯро мезанад. Баъди дар ШКД ин қазия масъалагузорӣ шуданд, онҳо байни худ мусолиҳа карда, қавл доданд, ки дигар ин корашонро такрор намекунанд. Вале падару писар дар қавли худ наистоданд, боз ҳамон кашокашу муноқиша ва оқибат ин гуна муносибати носолим онҳоро то ба суд бурд.
Дар мурофиаи судӣ ҷабрдида Файзенов Яхшибек иброз дошт, ки писараш Зафар муддати 10 сол аст, ки дар ягон ҷой кор намекунад ва тӯли ин солҳо пайваста арақ нӯшида ӯ ва модару аппаашро азият медиҳад. Дар хона молу ашё ҳам намондааст, зеро ин муддат беш аз 60 фисади молу амволи хонаро пинҳонӣ фурӯхта, сарфи машрубот кардааст. Бисёр вақт дарро аз дарун маҳкам карда, касеро берун рафтан намемонад. Гарчанде дар ин бора ба нозири минтақавӣ муроҷиат карда, роҳи ҳалли ин қазияро пайдо карданӣ шудааст, вале ҳар дафъа меҳри падарӣ боло гирифта, аз даъво даст кашидааст. Бо вуҷуди дар ШКД-и ноҳияи Сино ба ин масъала ҷиддӣ назар кардан, ӯ аз кормандони милитсия хоҳиш мекунад, ки нисбати писараш чораи қонунӣ наандешанд, зеро баъди ба мусолиҳа омадан, писараш тавба карда, ваъда додааст, ки дигар ӯро азобу шиканҷа ва озор намедиҳад.
Дар баробари аз фарзанди бадахлоқу носипос ранҷу азоби зиёд дидан, меҳру самимияти падар боло гирифта, нахост, ки писараш озор ёбад. Вале бо ин ҳама дилсӯзиву ғамхорӣ ва андешаи рӯзи фардо кардани саробони хона фарзанди бемеҳру бемурувват ба қадри волидон нарасида, аз феълу атвори бад даст накашид.
Дар мурофиаи судӣ ҷабрдида ва шоҳидони ин ҳолат рафтори Файзенов Зафарро хилофи одобу ахлоқи инсонӣ маънидод карда, иброз доштанд, ки аз нигоҳи қонунҳои мавҷуда ва шариати исломӣ ҳеҷ фарзанд ҳуқуқ надорад, даст бар сари волидон бардошта, дар ҳаққи онҳо носипосиро раво бинад. Зеро дар пиронсолӣ шахсони калонсол эҳтиёҷ ба дастгирӣ ва ниёз ба нигоҳубини фарзандон доранд. Ҳар чӣ қадар бузургонро ҳурмату иззат кунем, ҳамон қадар аз хурдон эҳтиром мебинем.
Баъди дар мурофиаи судӣ баррасӣ гардидани парвандаи ҷиноятӣ, суди ноҳияи Сино айбдоршаванда Файзенов Зафар, сокини кӯчаи Маяковскийро гунаҳкор донист ва ӯро ба мӯҳлати 6- сол аз озодӣ маҳрум кард. Инчунин нисбати ӯ бо тадбиқи моддаи 101-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли адои ҷазо чораҳои маҷбурии хусусияти тиббӣ ва майзадагӣ дошта, таъин гардид.
Искандар Саидов, судяи суди н. Сино,
Ҷалолиддин Садриддинов, корманди ВКД