
Ё қадами ҷасуронаи 2 агентӣ дар роҳи поксозии сафҳои мақомоти қудратӣ пас аз нигаронии Президент
Моҳи аввали соли наҳанг барои ниҳодҳои қудратӣ ташвишҳои зиёд ба бор овард. Пайиҳам боздошт гардидани се афсари соҳибрутбаи Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддир як гуна таркиш ва ҳамҳамаеро миёни аҳли ҷомеа пароканд. Доираҳои коршиносӣ бошад, ин паёмадро маъракаи шикори тарҳрезишуда унвон намудаанд.
Аслан, чунин боздоштҳои пайдарпайӣ баъд аз он сурат гирифтанд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбастии солона аз даст доштани мақомоти қудратӣ дар қочоқи маводи мухаддир изҳори нигаронии шадид намуд. Пас аз ин директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов ва директори Агентии мубориза бар зидди маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров зимни баргузории нишасти матбуотии сохторашон ба хабарнигорон иқрор шуданд, ки гурӯҳҳои қочоқбар аз ҳисоби кормандони мақомотҳои қудратии кишвар пуштибон ё ба истилоҳи маъмул «крыша» доранд.
Чунин ба назар мерасад, ки дар соли ҷорӣ мақомоти қудратии кишвар бештар аз ин гуна ҳолатҳо хабар медиҳанд ва дастдоштани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар интиқоли маводи мухаддир ошкортар мегӯянд.
Ба қавли директори Агентии мубориза бар зидди маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров, ки дар нишасти матбуотӣ иброз дошт: «Айни замон 15 гурӯҳи фаъоли машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир таҳти ҷустуҷӯйи фаврии агентӣ қарор доранд. Дар ҳамаи он гурӯҳҳои ҷиноятпешае, ки таҳти ҷустуҷӯйи агентӣ қарор дорад, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи даст дошта, аз онҳо пуштибонӣ мекунанд. Ин кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба сифати «сарпаноҳ»-и ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша хизмат мекунанд».
Суханони директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов низ тақрибан ба ҳамин монанд садо доданд: «Дар бештар маврид қочоқчиён дар мақомоти гуногун «шиносҳо»-и худро доранд. Барои бо маводи мухаддир сару кор гирифтан як ё ду сомонӣ не, балки даҳҳо ҳазор доллари амрикоӣ лозим аст».
Ба думболи нигаронии Президенту иқрори ду сарвари №1 –и ниҳодҳои муборизи роҳи қочоқи маводи мухаддир расонаҳо пайиҳам аз боздошти афсарони рутбадори мақомоти интизомӣ иттилоъ доданд.
Пас, метавон дар як муддати кӯтоҳ боздошт намудани муовини сардори шӯъбаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ноҳияи Фархор, боздошти як полковники Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд, боздошти муовини сиёсии фармондеҳи як воҳиди низоми вазорати мудофиа дар ҳудуди ноҳияи Дарвозро нишони ҷоннок шудани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри тозасозии сафҳои худ арзёбӣ намуд, агар ин раванд бе танаффус ва содиқона идома ёбад.
Бахусус, дар ҳоле метавон ба ҷараёни густурдаи «поксозии сафҳо» итминони бештар пайдо намуд, ки ҳафтаи гузашта аз боздошти писарони як генерал ва як дипломати тоҷик низ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо гумони қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми бештар аз 100 килограм хабарҳо расиданд, ҳарчанд номи онҳо ҳанӯз ифшо нашудааст.
Ба ҳамин минвол, ба қавли генерал Рустам Назаров, баҳри вусъат бахшидани мубориза бо маводи мухаддир мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид як гурӯҳи минтақавиеро таъсис додаанд, ки ҳадафаш табодули иттилооти пинҳонӣ дар бораи кишту тавлиди маводди мухаддир, ошкорсозии қочоқчиёни маводи мухаддир ва амалиётҳои муштарак алайҳи гурӯҳҳои қочоқбар дар ҳудуди кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон будааст. Ҳамзамон, ин гурӯҳи минтақавӣ тасмим дорад, моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини дабири кулли СММ ҷаласаи вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои назорат бо маводди мухаддири ин се кишварро баргузор намояд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Агентии мубориза бо маводди мухаддир ва сохторҳои марбутаи СММ, соли гузашта дар Афғонистон 5800 тонна маводди мухаддир тавлид шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли 2010 61% зиёд мебошад.
Вале дар маҷмӯъ, ба ҳар гунае, ки набошад, коршиносон ва аҳли ҷомеа ин ҷасорати Агентии назорат ва мубориза бо маводи мухаддир ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро дар роҳи поксозии сафҳои мақомоти қудратӣ аз кормандони нашъаҷаллоб ва қочоқбар хуш пазируфтаанд, новобаста ба он ки ин иқдом пас аз танқид ва таъкиди шадиди Сарвари давлат сурат гирифтааст…
М. МАҚСАДУЛЛОҲ







