Чархи Гардун
2.02.2012 08:48

Янгаҳои ғоратгар

Мардуми мо зани бародар, хеши наздик ва дӯсту қадрдонашонро ба хотири эҳтиром янга мегӯянд. Ин калима шояд аз вожаи туркии янги-нав (яъне одами нав дар оила) ба забони тоҷикӣ иқтибос шуда бошад… дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон меҳмонҳои ҳамроҳи арӯс ба хонадони домод ташрифовардаро низ янга мегӯянд. Ин ҷо мақсад маънидод намудани вожаи мазкур нест, лекин наметавонам он ғоратгариеро, ки аз тарафи «янгаҳо» дар маъракае содир шуд, рӯйи коғаз наорам…
Дар миёнаҳои моҳи январ ба зодгоҳам - дидорбинии модару пайвандонам рафтам. Зимистон дар деҳоти Тоҷикистон мавсими тӯю сур ба шумор меравад, зеро барои ҷавонони мардикор ёфтани кор дар зимистони қаҳратуни Русия хеле душвор аст. Онҳо зимистон ба ватан баргашта, маблағи ба даст овардаашонро сарфи тӯй ё дигар корҳо намуда, чун гармиҳо фаро расид, боз рахти сафар мебанданд ба мусофират. Сафари ман низ ба тӯйи домодии яке аз хешонамон рост омаду ба табрики ҷавонони навхонадор рафтам. Ростӣ гап, маросимҳои арӯсии деҳаро ёд ҳам карда будам, сари дастархони пурнозу неъмат ҳамроҳи кампиракони кунҷков ва занони аз ҳама гап бохабари қишлоқ омадани арӯсро интизор будем.
Баъди чанде садои арӯсбиёрон дар фазои деҳа паҳн гашту домод арӯсро ҳамроҳи меҳмонҳои ҳамроҳаш ба хонае, ки мо менишастем, даровард. Янгаҳо аз бист нафар зиёд буданд, ки кам не, азбаски дар хона ба ҳама ҷой намерасид, мо хостем ҷойро холӣ кунем. Хона холӣ ҳам шуд, аммо маро ҳамроҳи янгаҳо шинонданд (шояд меҳмони роҳдурӣ буданамро ба назар гирифтанд). Янгаҳо бо иштиҳо аз неъматҳои рӯйи дастархон чошнӣ мегирифтанд.
Пас аз гузаштани ним соат соҳибхона ба онҳо халтаҳои салафанӣ ва гиреҳбандҳои калонеро тақсим намуд. Ман аз урфу одати мардуми деҳаам бохабарам ва медонистам, ки дар гиреҳбандҳо ба янгаҳо мувофиқи мақомашон сару либос гузошта шудааст. Масалан, ба янгаи рақами якум чор намуд матоъ, ба дуюм се намуд матоъ, ба сеюм ду намуд матоъ ва ба боқимонда як намуди матоъ бо рӯймолаш, вале салафан барои чӣ, нафаҳмидам. Янгаҳо баъди гирифтани ҳақашон ба ғорати дастархон гузаштанд, ҳарчиро, ки шикамашон набурда буд, ба салафанҳо ҷо намуданд. Баъди ин, қисме хестанду қисми дигар «ризқ»-ашонро ба барашон гузошта, ба сӯҳбат машғул шуданд. Баъд аз «ҳуҷум»-и янгаҳои овардаи арӯс дар дастархон ҳатто пораи ноне намонд ва барқвор аз хаёлам гузашт,ки домоди бечора чанд рӯз пас аз тӯй ба Русия мерафта бошад?
Лолаи Саидакбар


Комментарий №1    Написал: Рохгузар    2 февраля 2012 14:22    Цитировать
Канд занед! Лолабону, харчи ки навситед хак аст! Аслан хамин маросимхо мувофики пешниходи коидаи танзим гузаранд хочати Русия рафтан хам нест.
Риояи танзим танхо дар навохиои вилояти Сугд амал мекунад ва барои мардуми одди.



Комментарий №2    Написал: ш.....а    3 февраля 2012 14:17    Цитировать
ана маданияти халки точик.Шармандаги wassat lol


Комментарий №3    Написал: АБДУЛХОШИМ    4 февраля 2012 15:33    Цитировать
бале хамаш хакикат дорад. Бехтарин зан ин Фотима духтари бехтарин мард ва охирин пайгамбар Мухаммад (с.а.в) буд. Оё модарон падарон писарон духтарон медонанд ки издивочи Фотима чихел гузашт? Пулатон зиёд шуда бошад бар ятимону маъюбон сагерахонахо ё ягончоро обод кунед бар фоидаи халк бошад ана инро обру шаъну шараф мегуян.


Комментарий №4    Написал: махфи    5 февраля 2012 12:45    Цитировать
биёр мара бтеш


Добавление комментария
   





e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Май 2012    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ

» ШӮИ БИЧАТ МАДА ДАРКОР НЕСТ!
» СУРАЙЁ ҚОСИМОВА: АЗ ШАБНАМ ФАХР МЕКУНАМУ АЗ ФАРЗ ...
» МАРДАКҶОН, ЗАН ГИР!
» АСАЛИ МАН, ДӮСТАТ ДОРАМ!
» АРӮСИ ПАДАРУ ҲАМСАРИ ПИСАР
» ЗАН ГИРИФТ, НОМАРД!
» Роҳиби амрикоӣ Қуръонро сӯхт
» Домодҳои муҳоҷир, арӯсони интиз ...
» ДОМОДИ СИҶИНГ
» БАҲРОМ БА ЗАНАШ ХИЁНАТ КАРД?

Другие новости

Самому молодому участнику войны 87 лет
Они были безоружными
НИЧЕГО НЕ СТОИТ КОМУ-ТО ДОМ ПОСТРОИТЬ
Побороть инфекцию можно только сообща
Мы свободны или нет?
«Дикий» ВИРУС
Преимущества посуточной аренды жилья в Москве
Спрашивается
Юбилей
Вопросы коррупции обсуждались в «Кохи Вахдат»

Все другие новости

АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Май 2012 (121)
Апрель 2012 (135)
Март 2012 (207)
Февраль 2012 (166)
Январь 2012 (188)
Декабрь 2011 (272)

  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"