Кормандони мақомоти милиса зимни як амалиёти шабона дар дискоклубҳои шаҳри Қӯрғонтеппа 40 ноболиғро боздошт кардаанд.
Носирҷони Маъмурзода
Ба қавли сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов, бо ин вуҷуд ки шумораи дискоклубу фароғатгоҳҳои шабона дар Қӯрғонтеппа ва навоҳии атроф андак аст, назорати фаъолияти ин муассисаҳо суст буда, чандин ҷиноят маҳз дар чунин ҷойҳо сар задааст
Тавре генерал Анвар Тағоймуродов ба «РО» гуфтааст, оид ба шумораи дақиқи дискоклуб ва марказҳои шабонаи дилхушӣ дар вилояти Хатлон ҳанӯз омори аниқе вуҷуд надорад, аммо фаъолияти се дискоклуби шаҳри Қӯрғонтеппа, ки аз соати 9-и шаб то 4-и субҳ кор мекунанд, зери назорат гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Солеҳ ном ҷавоне, ки аз мизоҷони доимии дискоклуби «Аспи сафед»-и Қӯрғонтеппа будааст, мегӯяд, ки шоми рӯзи гузашта кормандони милиса нафақат ноболиғон, балки ҳудуди 70 то 80 нафар наврасону ҷавонон, ҳатто донишҷӯёни донишгоҳҳоро ҳам боздошт намуданд.
«Студентҳое, ки дар хобгоҳҳо зиндагӣ мекунанд, духтаракони ҷавоне, баъзеяшон ноболиғ буданд, ҳамчунин ҷавонону наврасони бесоҳибу беманзилу ҷойро дастгир карданд. Воқеан, баъзан мешавад, ки дар дискоклуб менӯшанд, ҷанҷол мекунанд, гоҳе маводи ғайриқонуниро дастрас ва истеъмол мекунанд, ки ҳамааш ба кашмакашию хархашаҳо анҷом меёбад. Дар дискоклуб шоҳиди бисёр корҳои ғайриқонунӣ ҳам шудан мумкин», - мегӯяд Солеҳ.
Ба қавли Солеҳ, «Аз тарафи дигар, маъмурони дискоклубҳо бо кадом роҳе аз замони гузаронидани амалиёти милисаҳо пешакӣ хабардор мешаванду мизоҷони доимиашонро зуд огоҳ мекунанд. Ба мизоҷони ноболиғ, духтаракони ҷавони «норасид» мегӯянд, ки ин шом ба ту иҷозат нест, ки ба клуб дароӣ, зеро имшаб милисаҳо рейд доранд…»
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои Солеҳ, бастани дари дискоклубҳо ҳуқуқи шаҳрвандонро ба истироҳат, ки Қонуни асосии кишвар кафолат додааст, маҳдуд мекунад.
Вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин нукта таъкид мекунанд, ки бар асоси моддаи 8-уми қонуни «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», рафтани наврасону ҷавонони то 20-сола ба дискоклубҳо манъ аст.
Бо ин ҳама, шиддатбахшии назорати кори дискоклубҳо аз ҷониби маъмурони милиса норозигии мудирияти бархе дискоклубҳоро ба бор овардааст. Ба иддаои онҳо, рейду амалиётҳои мақомоти интизомӣ боиси коҳиши шумораи мизоҷони дискоклубҳо шудааст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз идеяи бастани дискоклубҳо, ё ҳадди ақал шадидтар шудани назорати кори чунин муассисаҳо пуштибонӣ мекунанд.
Носирҷон Маъмурзода